Бояд ёдовар шуд, ки санаи 9 феврал баъд аз нисфирӯз вохӯрии узви Маҷлиси Миллӣ, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад бо сокинони Ҷамоати деҳоти Вранг доир гашт.
Раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии “ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сокинони Ҷамоати деҳоти Вранг фаҳмонида, инчунин қайд намуданд, ки тайи солҳои охир ҷамоати деҳот рушд намуд.
Инчунин қайд намуданд, ки бо дастгирии Ҳукумумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ҷамоати деҳоти Вранг Маркази саломатӣ бо тарҳи муосир сохта ба истифода дода шуд, ҳамзамон барои боз ҳам беҳтар гардидани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва дасрасии саривақтӣ доштани аҳолӣ аз ин хизматрасонии тиббӣ сохтмони беморхонаи минтақавии деҳаи Вранг идома дорад.
Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад аз раванди корҳои ободонии сокинони сарбаланди Ҷамоати деҳоти Вранг ва саҳми омӯзгорони муассисаҳои таҳсилотии ҳудуди ҷамоати деҳот ва аҳли фарҳанг изҳори қаноатмандӣ намуда, барои иштироки хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон –Ватани азизи ман” ва “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” изҳори сипос намуданд.
Командири қисми ҳарбии 0411-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистони дар ноҳия буда, подполковник Исмоилов Машрабхон оид ба ҳифзи сарҳад баромад намуда қайд намуданд, ки ҳамкории дуҷониба яъне сарҳадбонону сокинон ҳифзи сарҳади давлатиамонро устувор ва барои таъмини боз ҳам ҳаёти осоиштаи сокинон мусоидат хоҳад намуд.
Фаъолон ва сокинони Ҷамоати деҳоти Вранг ба сухан баромада, қайд намуданд, ки бо бардошт аз Пайём барои вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ, истифодаи самараноки замин, таълиму тарбияи насли наврас ва ҳифзи марзу бум, нигоҳдошти тартиботи ҷамъиятӣ маъсулиятпазир буда, баҳри иҷрои амалии ҳар як нуқтаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои амалӣ ва натиҷабахшро роҳандозӣ менамоянд. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон