Санаи 10 феврал вохӯрии узви Маҷлиси Миллӣ, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад дар Ҷамоатҳои деҳоти Птуп ва Вахон сафари корӣ анҷом доданд.Дар ин сафари корӣ раиси ноҳияро мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия Асанов Солеҳҷон, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Савлатов Ғуломуҳаммад, муовини сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим Гадомамадзода Муломамад, командири қисми ҳарбии 0411-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистони дар ноҳия, подполковник Исмоилов Машрабхон, сардори Шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Ишкошим Шарифов Сарабек ва ёрдамчии Прокуратураи ноҳияи Ишкошим Бегализода Хайём ҳамроҳӣ намуданд.
Posted on by ishkoshim