• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 20.02.2021 by ishkoshim

        Ҷиҳати фаҳмонидани мазмуну муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, узви Маҷлиси Миллӣ, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад санаи 9 феврали соли равон ба Ҷамоатҳои деҳоти Зонг ва Вранг сафари корӣ анҷом доданд.Дар ин сафари корӣ раиси ноҳияро мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия Асанов Солеҳҷон, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Савлатов Ғуломуҳаммад, муовини сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим Гадомамадзода Муломамад, командири қисми ҳарбии 0411-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистони дар ноҳия, подполковник Исмоилов Машрабхон, сардори Шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Ишкошим Шарифов Сарабек ва ёрдамчии Прокуратураи ноҳияи Ишкошим Бегализода Хайём ҳамроҳӣ намуданд.

        Дар толори хонаҳои фарҳанги деҳаи Зонг ва Вранг вохӯрии узви Маҷлиси Миллӣ, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад бо фаъолон ва сокинон доир гардид.
Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад вобаста ба мазмун ва муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии “ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда,баён доштанд, ки Ҷамоатҳои деҳоти Зонгу Вранг сол то сол рушд намуда, симои деҳаҳо ва маркази ҷамоатҳои деҳот куллан зебо гардида, ин пеш аз ҳама саҳми сокинони ҷамоати деҳот дар раванди бунёдкориву ободкориро нишон медиҳад.
        Инчунин аз иқдомҳои созандаи ҷавонони деҳаҳои Лангар ва Зонг ҷиҳати бунёди майдончаҳои варзишӣ ёдовар шуда барои чунин ҷавонони ободкору ватандӯст сидқан изҳори сипос намуданд.
Командири қисми ҳарбии 0411-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистони дар ноҳия буда, подполковник Исмоилов Машрабхон оид ба масъалаҳои ҳифзу нигаҳдории сарҳади давлатӣ ва саҳмгузории ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти мазкур суханронӣ намуда қайд намуданд, ки деҳаҳои ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти Зонгу Вранг дар назди сарҳад қарор дошта, аз ин лиҳоз ҳар як сокини деҳаро зарур аст, ки низоми сарҳади давлатиро риоя намуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ҳамаи вақт дар ҳифзи сарҳад маъсулиятпазир бошем. Подполковник Исмоилов МашрабхонКомандири қисми ҳарбии 0411-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози сухан намуданд, ки ҳифзи сарҳад ин ҳифзи муқаддаси Ватани азизамон Тоҷикистон аст.
      Фаъолони ҷомеа ва аҳли ҷамоати деҳоти Зонг ба сухан баромада қайд намуданд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамо ва муждаи неку умедбахш ба ояндаи нек буда, беҳтарин роҳнамои ҳар яки мост. Дар бобати ҳифзи сарҳадоти давлатӣ изҳор доштанд, ки ҳифз намудани сарҳад дар баробари сарҳадбонон қарзи имониву виҷдонӣ ва шаҳрвандии мост.

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (795)
  • Эълонҳо (1)
Феврал 2021
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Янв   Мар »
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 23
  • 13 604
  • 530 369
  • 99 730
  • 18
  • 822
  • 0
  • 30.04.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet