Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим маҷлиси ҷамъбастии Комиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикстон дар ноҳияи Ишкошим баргузор гардид.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки дар кори маҷлиси ҷамъбастии Комиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикстон дар ноҳияи Ишкошим узви Маҷлиси Миллӣ, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад, собиқадори Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикстон Акрамшоҳ Фелалиев ва намояндаи Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикстон Қозибеков Ҷонибек иштирок намуданд.
Дар маҷлиси Комиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикстон дар ноҳияи Ишкошим ду масъала мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд.
1.Ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикстон дар ноҳияи Ишкошимдар соли 2020 ва муайян намудани вазифаҳо барои соли 2021
2.Иҷрои амалии Паёми Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар боари самттҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Инчунин дар маҷлис масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома раиси Комиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикстон дар ноҳияи Ишкошим Пилтабоев Алиёрбек маъруза намуда, дар атрофи масъалаҳои баррасишуда Муборакшоев Ш ва Ёғибекова М намояндагони ташкилотҳои ибитидоии ҳизб суханронӣ намуданд.
Дар доираи шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси Миллӣ, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад баромад намуда,қайд намуданд, ки соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия то ин давра рушд намуда, инчунин аз ҳар як аъзои ҳизб даъват ба амал оварданд, ки бо мақсади созандагиву бунёдкорӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашнҳои дар пеш истода вазифадор ҳастем, ки саҳми арзандаи худро гузорем.
Ҳамаи аъзоёни ҳизб пас аз шунидани баромади узви Маҷлиси Миллӣ, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад дастҷамъона изҳор доштанд, ки омодаи саҳмгузор дар ободонии ноҳия буда, бо дарки баланди маъсулиятшиносӣ деҳаҳо ва ноҳияро ободу зебо хоҳанд намуд.
Собиқадори Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикстон Акрамшоҳ Фелалиев ва намояндаи Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикстон Қозибеков Ҷонибек дар баромадҳои худ вобаста ба нақши муассир доштани сокинони шарафманди Ишкошимзамин дар пайравӣ ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, бори дигар аз таърих ва фарҳангу ҳикматсолории мардуми ноҳия дар давраи баргузории маъракаҳои муҳими сиёсӣ ёдовар шуданд.