Рӯзи 26-уми январи соли ҷорӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.
Қобили зикр аст,ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин сол чун солҳои қабл аҳамияти бузурге дар ҳаёти сокинони мамлакат дошта,он чун дастурамал ва раҳнамои ҷанбаҳои гуногуни зиндагии ҳаррӯзаи шаҳрвандони кишварамон ба ҳисоб меравад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози Паёми имсола аз ваъзи ҷаҳони имрӯза бо назардошти таъсироти бӯҳрон шадидди ҷаҳонӣ аз сабаби бемории КОВИД-19 ба ҳаёти ҳаррӯзаи шаҳрвандони мамлакат сухан ронда,муттаҳидии мардуми кишварро дар давраи бӯҳрони мазкур ситоиш намуда ва таъкид намуданд,ки дар идомаи бӯҳрони зикр гардида аз сабаби ворид нагардидани қисмате аз молу маҳсулотҳои воридотӣ ба ҷумҳурӣ бояд,ки ба ҷиҳду ҷаҳди зиёд меҳнат намуда дар таъмини хонаводаи худ ва бозори истеъмолии мамлакат саҳми босазои худро гузоранд.
Нуктаи муҳиме,ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз гардид ин ба дар баробари озмунҳои “Тоҷикистон Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо Фармони Президенти мамлакат баргузор намудани озмуни умумиҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” барои илмҳои дақиқ дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар боиси истиқболи тамоми сокинони мамлакат гардидааст.
Метавон гуфт,ки Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Паёми илму маърифат ба миллат ва сокинони кишвар ном ниҳод,зеро он ба рушди соҳаи маориф ва илм нигаронида шуда, Сарвари давлат эълон намуданд,ки ҷоизаи озмуни умумиҷумҳуриявии“Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” афзӯн гардида,мутобиқ ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибони даври умумиҷумҳуриявии ин озмун бидуни имтиҳоноти даохилшавӣ ба донишгоҳҳо ва донишкадаҳои олии мамлакат роҳхат хоҳанд гирифт.Ин имтиёзҳо як васила барои пешрафти соҳаи маориф ва илми кишвар ва ҷалби зиёди шаҳрвандони мамлакат ба илм ва китобхонӣ хоҳанд гардид.
Бояд зикр кард,ки дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхорӣ ба табақаи ниёзманд, алалхусус афзӯн намудани нафақаи кудакони маъюб ба андозаи то 50% аз дастгирии ҳамаҷонибаи Сарвари давлат ба ин гурӯҳи эҳтиёҷманд шаҳодат дода, он барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии кудакони дорои маъсулияти маҳдуд,ки боамри тақдир осебпазир гардидаанд як амри хайре дар ҳаёти онҳо мебошад.
Ба вуҷуди бӯҳрони азими глобалӣ ва таъсири амиқи он ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузориҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути маблағгузориҳои Ҳукумати кишвар ва шарикони рушд ва шаҳрвандони баору номуси мамлакат зиёда аз 65 миллиард сомонӣ барои сохтумони роҳҳо ва ишоотҳои муҳими мамлакат,ки аҳамияти миллӣ ва байналмилаллӣ доранд тамоми сокинони мамлакатро ба як ояндаи нек ва ба давлати пешрафта табдил додани Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол умедвории бештар намудааст.
Метавон гуфт,ки Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳуҷҷати созанда ва роҳнамои шаҳрвандони мамлакат баҳри ободӣ ва пешрафти кишварамон дар соли таҷлилли ҷашни бошукӯҳи 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Саъдоншо Улфатов сармуҳарири рӯзномаи ноҳиявии “Зиндагӣ”