• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 27.01.2021 by ishkoshim

                 Вақтҳои охир дар сафҳаҳои иҷтимоӣ оиди китоби академик Бобоҷон Ғафуров – “Тоҷикон”, баҳсҳои оммавие миёни исмоилиёни Тоҷикистон ва берун аз он ба вуқӯъ пайваст. Масъалаи асосӣ ин аст, ки чаро дар ин китоб бӯҳтонҳое зидди исмоилиён ҷо дода шудааст, вале новобаста ба ин китоби мазкурро дар Бадахшон паҳн мекунанд? Дар аввал хомӯширо ихтиёр намудам, чун донистам кори касонест, ки мақсадашон нооромии Тоҷикистон ва иғво миёни адёну фирқаҳои гунонун аст. Аммо чун дидам мавзуъро гаштаву баргашта, худ пинҳону, бо дасти баъзе ҷавонон ба баҳсҳои тунд даъват мекунанд, зарур шуморидам чанд нуктаро дар ин ҷо иброз кунам, чаро, ки дар чунин маврид ихтиёрӣ, хамӯши ё бетарафӣ гуноҳ аст.
              Баъзе аз мунаққидон, ки дониши динӣ ва илмиашон на чандон устувор аст, барои дигарон тавсия медиҳанд, ки он саҳифаҳоро (саҳ. 450 – 451) сӯзонанд, ё тамоман ин китобро нобуд созанд. Дар ибтидо ба таври ошкор гуфтаниам, ки сӯзондани саҳифа, ё нобуд кардани китоб хоси мазҳаби Исмоилӣ набуд ва нест. Новобаста ба он, ки дар масири таърих ҳазорҳо китоб зидди мазҳаби Исмоилия навишта шудаанд, ҳамаи ин китобҳо то ба имрӯз ҳам дар китобхонаҳои исмоилиён маҳфузанд.
Дар бобати китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров ҳаминро гуфтаниам, ки ин китоб аввалан аз нуқтаи назари илмӣ навишта шудааст ва дувумман зидди исмоилиён ҳам нест, он чунон, ки баъзе мехоҳанд онро чун ашъё барои барангехтани низоъ истифода кунанд.
Албатта дар ин китоб муаллиф ҷиҳатҳои манфиро бо забони тунд тасвир намудаанд, вале ҷиҳатҳои мусбатро чунон донишмандона ба қалам додаанд, ки на ҳар саре тавони дарки онро дорад. Инро Бобоҷон Ғафуров шояд амдан карданд, то курсинишинони зидди динии он замон аз тарафи дуввум бехабар монанд, он чунон ки имрӯз низ аксарият аз он бехабаранд. Ин нуктаҳои мусбат, ҳам аз ҷиҳати теъдод ва ҳам аз ҷиҳати маънӣ, дар ин ду саҳифа дучанди он гуфтаҳои манфианд. Банда низ дар ин ҷо танҳо ин ду саҳифаро (450-451) таҳлил хоҳам кард.
            Мухолифон даъво накунанд, ки танқидҳои муаллифро нодида гирифтам, бад ин хотир онҳоро аввал зикр хоҳам кард, ки онҳо ба ҳамагон айёнанд ва хело ҳам зуд ба чашм мерасанд. Ба мисоли: Исмоил “Аз тарафи падараш Ҷаъфари Содиқ мардуд гардидааст”; “Аксари мардум ба ин макри воизони исмоилӣ бовар мекарданд”; “Соли 1092 Низомулмулк ба дасти терористони исмоилӣ кушта шуд” (ҳамаи инҳо дар саҳ. 450).
        Аввал бояд ёдовар намуд, ки маъхази ҳамаи ин танқидҳо хело ҳам қадимтар аз Бобоҷон Ғафуров ҳастанд. Инҳо тавтиъаҳое ҳастанд, ки дар садҳо китоби дигар, ки пеш аз Бобоҷон Ғафуров бар зидди исмоилиён навишта шудаанд, сабт гардидааст. Исмоилишиноси маъруфи рус, Иванов дар ин бора хуб фармудаанд: “Агар дурӯғ дар тӯли солҳо вирди забонҳо такрор ба такрор гардад, ба ҳақиқат мубаддал шавад.” Чунин даъвоҳо то асри ХХ алакай шакли ҳақиқатро ба худ қабул карданд. Маҳз аз асри ХХ сар карда, олимони бетарафи ғайри мусулмон ба мисли Семёнов, Бобринской, Иванов, Бертельс, Луис, Стерн, Ҳодҷсон, Корбин, Ҳолм, Валкер, Маделунг ва ғайра ин масъалаҳоро зери суол монданд ва тадқиқотро беғаразона оғоз намуданд. Аммо ин мавзӯи алоҳида аст ва намехоҳам зиёд сухан дар ин ҷо аз ин боб гӯям. Фақат як иқтибос аз Бернард Луис оиди онҳое кӣ зидди Исмоилия то асри ХХ навишта буданд, басанда аст, ки мегӯяд: “Мақсади асосии онҳо такзиб ва маҳкум намудан буд, на ин ки фаҳмидан ва ё фаҳмондан.”[1] Аммо Бобоҷон Ғафуров аз зумраи донишмандоне буд, ки тадқиқотро дутарафа намуданд.
            Ҳам акнун фурсатро ба таҳлили ҷанбаҳои мусбат сафарбар хоҳем кард, то мавзӯъ аз таҳлили яктарафа соф гардад. Он чунон ки дард боло тазаккур додем, ҷанбаҳои таҳсиномези Бобоҷон Ғафуров, оиди Исмоилия ва исмоилиён, нисбат ба ҷанбаҳои таҳқиромез ба маротиб қавитаранд. Ақидаи академикии Бобоҷон Ғафуров[2]бо чунин ҷумла оғоз меёбад: “Исмоилиҳо аз фалсафаи Юнон истифода бурда, системаи томи таълимоти ратсионалиро инкишоф медиҳанд ва ба ин васила зиёиён, бисёр матафаккирон ва ходимони барҷастаи давлатиро ба тарафи худ мекашанд” (саҳ. 450). Дар ҳамин як ҷумла муаллиф се хусусияти бисёр бузурги таълимоти исмоилиёнро шарҳ додааст. Нахуст, Бобоҷон Ғафуров нишон медиҳад, ки доиёни исмоилӣ, дар муқоиса бо дигар воизони мазоҳиби гуногун, дониши худро на танҳо бо маъхазҳои динӣ, балки фарохтар аз он, бо фалсафаи Юнон ва дигар илмҳои дақиқ мустаҳкам мекарданд. Ин худ талаби Расули Акрам (с) аст, ки дар ҳадисе фармудаанд: “Утлубу ал-илм ва лав фӣ ал-Син, фа ин талаб ал-илм фариза ала кулли муслим» (Илмро талаб кунед, ҳатто агар аз Чин ҳам бошад, ва талаби илм фарз аст барои кулли мусулмонон). Бобоҷон Ғафуров маҳз ҳамин нуктаро паси парда нишон доданд. Баъдан, мутафаккир қайд мекунад, ки исмоилиён “системаи томи таълимоти ратсионалиро инкишоф медиҳанд”, ки ин худ бузургтарин дастовард аст барои ҳар як мазҳаб агар ба чунин комёбӣ ноил гардад. Илова бар ин, агар мутафаккире чун Бобоҷон Ғафуров, инро дар китоби миллӣ-таърихӣ эътироф кунад боз ҳам гувоҳӣ ҳаст бар ҳақиқати сухан. Дар зоҳир ҳар як мазҳаб метавонад даъвӣ кунад, ки таълимоти эшон ратсионалӣ аст, лекин агар мутафаккире аз мазҳаби дигар онро эътироф кунад, он тамоман чизи дигар аст, ки ба ҳақиқат дахл дорад. Дар ҳар як ибораи фавқуззикр моҳияти илмӣ ниҳоят барҷаста аст. Аввалан Бобоҷон Ғафуров ибораи ‘системаи том’-ро истифода мекунад, ки он мушаххас аст, яклухт аст ва қавӣ аст, ки дар дохили он тардид нисбат ба ҳамдигар нест.      Сониян, ибораи ‘таълимоти ратсионалӣ’-ро ба кор мебарад, ки он система дар дохили таълимоти ақлонӣ аст ва пойдевори он система ақл аст. Ва солисан ақидаро бо хабари ‘инкишоф медиҳанд’ ҷамъбаст мекунад. Дар ин ҷо академик Ғафуров намегӯяд, ки исмоилиён фалсафаи Юнонро меомӯзанду халос ва ё аз он кӯр-кӯрона пайравӣ мекунанд ва ё тавассути он барои худ системаи муайян месозанду дар тӯли қарнҳо аз он истифода мекунанд. Балки таъкид мекунад, ки онро ‘инкишоф медиҳанд’. Маҳз ҳамин аст сирри пешравии ин мазҳаб.
Чизи дигаре, ки олим дар боло ба он таваҷҷӯҳ зоҳир намуд, ин аст: “Зиёиён, бисёр матафаккирон ва ходимони барҷастаи давлатиро ба тарафи худ мекашанд.” Ин ҳам худ як исботи арзиши маънавии ин мазҳаб аст, ки бидуни дониши солиму ақоиди асоснок кас натавонад бо зиёиёну матафаккирону ходимони барҷастаи давлатӣ ҳатто рӯ ба рӯ шавад. Аммо инҳо тавонистанд онҳоро ба тарафи худ кашанд. Ва ба як чизи дигар бояд дар ин ҷо диққат дод, ки академик Ғафуров намегӯяд, ки онҳоро ба мазҳаби Исмоилия даъват мекарданд, балки мегӯяд ‘ба тарафи худ мекашанд’ – яъне онҳоро ба ҷустуҷӯи дониши ҳақиқӣ даъват мекарданд. Бобоҷон Ғафуров аз фалсафаи ҳуҷҷати исмоилӣ – Носири Хусрав, хуб бохабар будаанд ва нағз мефаҳмид, ки ӯ дар ягон ҷо нагуфтааст, ки ҳаққиқат дар Миср, дар дарбори Мустансир аст ва равед ва онро аз он ҷо гиред, новобаста ба он, ки Носири Хусрав худ ҳаққиқати хешро маҳз аз ҳамон ҷо дарёфт намуд. Вале дар таълимоти худ, Носири Хусрав пайваста таъкид намуд, ки ҳаққиқатро тавассути дониш ҷустуҷӯ кунед ва дар ҳар ҷое, ки онро ёфтед, аз ҳамон ҷо гиред, “Ва ҳар кӣ донотар шуд Худойро мутеътар шуд ва ҳар кӣ донои тамом шуд ба неъмати ҷовидӣ бирасад.”[3] Ба ҳамин хотир донишманд Ғафуров ҳаматарафа огоҳ буданд, ки зиёиёну мутафаккиронро якбора аз як мазҳаб ба мазҳаби дигар даъват кардан берун аз мантиқ аст. Илова бар ин, зиёиёну матафаккирон то худ барои қабули ягон мазҳаб мутмаин нагарданд, кас натавонад онҳоро аз эътиқоди худӣ берун кунад. Мисоли равшан, худи ҳаким Носири Хусрав аст. Хуллас Бобоҷон Ғафуров доиёни исмоилиро бо зиёиёну мутафаккирону ходимони барҷастаи давлатӣ баробар дар як мизон мемонд, ки ин боиси фахр бар ин мазҳаб аст.
Дар масъалаи шуҷоату футувати исмоилиён академик мефармояд: “Фидоиёни ин ташкилот ба чусту чолокӣ ва ҷасорат ном бароварда буданд.” Муҳимтар аз ин барои тамоми таърихнигорон, аз замони Ҳасани Саббоҳ то ба имрӯз маълум аст, ки фидоиёни исмоилӣ бо ин чусту чолокӣ ва ҷасорат мардуми бенавову камбағалон, занону кӯдакон ва амсоли инҳоро на ғорат мекарданд ва на мекуштанд ва Ғафуров ҳам дуруст мефармояд, ки одамони мансуб ба аъёну ашроф аз ханҷари онҳо метарсиданд.
              Андар куштани Низом ал-Мулк ба дасти дасти фидоиёни исмоилӣ Бобоҷон Ғафуров шояд андаке саҳлангорӣ кардаанд. Инкор карданӣ нестам, ки яке аз фарзияҳои куштани Низом ал-Мулк ба дасти фидоиёни исмоилӣ аст. Аммо бовар дорам, ки Ғафуров аз ду фарзияи дигар низ чун олим огаҳ будаанд: фарзияи дуввум он аст, ки Низом ал-Мулк андар кашмакашиҳои дохилӣ бо супориши Маликшоҳи I махфиёна кушта шуд; ва фарзияи саввум аз забони худи домоди Низом ал-Мулк, Муқотил ибн Атиа ал-Бакрӣ аст. Ӯ дар китоби худ “Муътамара уламои Бағдод”[4]менависад, ки Низом ал-Мулк дар баҳси байни уламои Шиъӣ ва Суннӣ, ки бо дастури Маликшоҳи Салчуқӣ, дар зери назари Низом ал-Мулк сурат гирифта буд, кушта шуд.[5] Ба ҳар ҳол Бобоҷон Ғафуров шояд бо сабаби дур нарафтан аз мавзӯи аслӣ наметавонист ҳар се фарзияро дар як ахбори кӯтоҳ дар китоби “Тоҷикон” ҷой диҳад. Аммо ӯ ба таври кутоҳ метавонист гуфт, ки куштани Низом ал-Мулк ба дасти фидоиёни исмоилӣ яке аз фарзияҳост. Ва ё шояд гуфта буд, вале баъдан онро дигар мураттибон аз китоб хат заданд.
     Дар масъалаи робитаи ҳанафиён бо исмоилиён ба ин ҷумлаи зери Бобоҷон Ғафуров бояд хуб диққат дод, ки мефармояд:
“Таълимоти исмоилиён, умуман, ба муқобили ҳанафияи ислом буд, ки дар аҳди ҳукмронии Салчуқиён на фақат шарҳу басти озодонаи Қуръон ва масъалаҳои илоҳиётро, балки ҳама гуна таҳқиқоти илмӣ, ҳатто тадқиқи риёзиёт, ҳайат, тиб ва амсоли онро манъ карда буд, як шакли эътироз ба шумор мерафт.”
Нахуст бояд зикр намуд, ки Ҳанафия ва Исмоилия ду раванди гуногун ҳастанд, вале зидди ҳамдигар нестанд, ва Ғафуров ҳам дар боло нагуфтааст, ки инҳо зид ҳастанд. Касоне кӣ аз таъриху таълимоти Ислом бохабаранд, пас аз муносибату ҳамкориҳои Имом Ҷаъфари Содиқ (ваф. 765) ва Имом Абу Ҳанифа (ваф. 767) низ бехабар нестанд ва хуб огоҳанд, ки ин ду шахсияти таърихӣ ҳеч вақт рақиби ҳамдигар набудаанд. Баръакс чандин солҳо бо ҳамдигар ҳамкорӣ доштанд ва ҳатто шогирду устод ҳам будаанд. Бад ин хотир исмоилиён ва ҳанафиён дар тӯли таърихи зиёда аз ҳазор сол, дар ҳамин сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон якҷо ва паҳлӯ ба паҳлӯ зистанд ва хоҳанд зист, новобаста бо он, ки чандин бор душманони аҷнабӣ кӯшиш карданд дар мобайни мусулмонони тоҷик низои мазҳабиро шӯълавар созанд, аммо ақли солим ғолиб омад ва душманон натавонистанд ба ҳадафи худ бирасанд.
            Дар мактаби фиқҳии Имом Абу Ҳанифа аҳди ақал чаҳор рукни муҳим, ба монанди: қиёс, раъй, иҷмоъ ва истиҳсон мавҷуданд, ки чӣ дар масъалаҳои шариат ва илоҳиёт, дар маҷмӯъ, ва чӣ дар масъалаи Қуръон, ба хусус, як фазои озоди фикрӣ ва ақлониро ба кор мебаранд. Аммо он чизе, ки мансабдорони салчуқӣ, ки низ худро ҳанафӣ мегуфтанд ва ҳама гуна озодиҳои фикриро на танҳо нисбат ба Қуръону илоҳиёт, балки нисбат ба илмҳои дақиқ манъ мекарданд, албатта исмоилиён ба он эътироз нишон доданд ва Бобоҷон Ғафуров ҳам дар боло ҳаминро қайд кардааст. Ба ҳамин хотир мутафаккир Ғафуров ҳатто феълро, барои равшан будани фикр, дар замони гузашта – “буд” истифода намудааст. Лекин нагуфтааст, ки доктринаи Исмоилия зидди мактаби фиқҳии Ҳанафия аст. Ин ду чизи муҳим, мактаби фиқҳии Ҳанафия ва мансабдорони салчуқии ҳанафӣ, аз ҳамдигар фарқи ниҳоят бузург доранд. Академик Ғафуров бошад дар ҷумлаҳои боло ҳанафиёни салчуқиро танқид намудааст, ки озодии фикрӣ ва ақлониро маҳв мекарданд, на исмоилиёнро, ки зидди онҳо эътироз нишон доданд.
         Ба ҳамин хотир Бобоҷон Ғафуров дар ниҳояти боб чунин хулоса мекунад: “Нақши исмоилияи асрҳои IX-XI дар бобати нигоҳ доштани анъанаи афкори озод бағоят калон аст.” Пас биёед як бори дигар китоби “Тоҷикон”-ро бодиққаттар ва беғаразонатар бихонем ва пас аз он хулоса кунем.
Худи интихоб намудани мазҳаби Исмоилия барои рисолаи докторӣ нишонгари он аст, ки барои Бобоҷон Ғафуров ин мазҳаб як олам тадқиқот аст. Инро аз таҷрибаи худам медонам, ки ҳар як докторант дар мадҳи аввал андар интихоби мавзӯъ онеро интихоб мекунад, ки ба фикри худаш он мавзӯъ беҳтарин аст ва пурарзиштарин аст. Итминони комил дорам, ки барои Бобоҷон Ғафуров низ мазҳаби Исмоилия як меҳвари пурарзиш дар тадқиқоти илмӣ буд, ки ӯ лозим шуморид зиёда аз панҷ соли ҳаёти илмии худро барои тадқиқоти ин мазҳаб сарф кунад.
           Шояд гурӯҳи хонандагон аз баъзе танқидҳои академик Бобоҷон Ғафуров нисбати исмоилиён ранҷида бошанд, аммо бояд иқрор кард, ки илм бидуни тадқиқу таҳқиқу танқид илм нест. Бинобар ин агар мо худамонро мазҳаби ботинӣ шуморем, дар мадҳи аввал бояд ҳар як мақола ва ҳатто ҷумлаву калимаро, фарқе нест он дар кадом мавзӯъ аст, чӣ аз нуқтаи назари зоҳир ва чӣ аз нуқтаи назари ботин хуб бисанҷем, ҷустуҷӯ кунем, таҳлил кунем ва он гаҳ ақидаҳои худро бо меъёрҳои илмиву адабӣ нависем.
Дар муқоиса бо Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммад Ғазолӣ (1055-1111) шаш китоб зидди исмоилиён навишта буд, аммо банда рисолаи магистерии худамро дар Донишгоҳи Лондон дар мавзӯи “Истеъмоли тасаввуф дар Қуръон: Муқоисаи Ғазолӣ ва Румӣ” навиштам ва басе хурсанд ҳам шудам, ки дар баробари бисёр норозигиҳо бо Ғазолӣ, паҳлӯҳоеро аз афкори Ғазолӣ омӯхтам, ки дар ҳеч як китобҳои исмоилиён онро надида будам. Танқидро набояд таҳдид, балки чун таълим қабул намуд.
Дар фуровард барои тамоми хонандагони гиромӣ комёбиҳои беҳтаринро дар ҷустуҷӯи илм таманно дорам ва умед дорам, ки дар оянда сабуриро дар дониш барои худ чун фарз қабул кунем. Сабурӣ дар дониш, ин яъне таҳамул бар танқид, ҷустуҷӯ андаруни ақида ва тадқиқи беғаразона пеш аз каломе, ки бар забон ояд.
P.S.
           Бовар дорам, ки суолҳо зиёд ҳастанд, аммо хоҳиш мекунам суол дар ин ҷо надиҳед, чун банда аввлан ин рӯзҳо дар набард бо вақт ҳастам ва баъдан ният дорам ин мақоларо ба таври пурратар ва сирф академикӣ мукаммал намоям ва дар ягон маҷаллаи илмӣ дар Тоҷикистон ба табъ расонам. Маслиҳати ман барои он бародароне, ки андар хулоса андаке шитоб карданд ин аст, ки саҳифаҳои 450-451-уми китобро надаронед, балки он 449 саҳифаи дигарро низ бодиққат бихонед.
[1] Tarjuma az kitobi Bernard Lewis, The Assassins, A Radical Sect in Islam, London, Al Saqi Books, 1985, pp. 18-19.
[2] Он чизе ки дар боло ҳамчун танқид садо медод, на ақидаи академикӣ балки ахбори сиёсӣ ва идеологӣ буд, ки аз ҳар як олим онро талаб мекарданд.
[3] Носири Хусрав, Ваҷҳи дин, боби 3.
[4] Тарҷумаи ин китоб ба забони форсӣ бо номи “Ҷустуҷӯи ҳақ дар Бағдод” ва ҳамчунин бо номи “Роҳе ба сӯи ҳаққиқат” мавҷуд аст.
[5] Муқотил ибн Атиа, “Роҳе ба сӯи ҳаққиқат”, ношир: Нур ал-асфиё, 1382 (тақвими эронӣ), саҳ. 134-136.

                                                                                                                                                                          Отамбек Мастибеков
                                                                                                                                                                           Лондон, Январ 2021

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (795)
  • Эълонҳо (1)
Январ 2021
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Дек   Фев »
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 25
  • 13 606
  • 530 371
  • 99 732
  • 56
  • 822
  • 0
  • 30.04.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet