• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 19.01.202119.01.2021 by ishkoshim

            Санаи 18 январи соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим таҳти раёсати раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад нахуст машварати васеи назди раиси ноҳия дар соли 2021 баргузор гардид.
Дар кори машварат Саидзода Иззатулло Ҳабибулло – директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
             Аз рӯи рӯзномаи машварат масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:
  – фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ва дигар идораву муассисаҳо дар соли 2020 ва супоришҳо барои соли 2021 ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  – ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, № 798 “Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ишкошим барои солҳои 2016-2020”;
 – ҷамъбасти натиҷаҳои озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон –Ватани азизи ман” ва “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”
 – рафти иҷрои қарори раиси ноҳия аз 8 декабри соли 2020, № 461 “Дар бораи омодагӣ таъмини нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”
          Аз рӯи масъалаҳои якуми рӯзномаи машварат муовини якуми раиси ноҳия Некқадамзода Илол баромад намуда, гузориши таҳлилиро оид ба фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ва дигар идораву муассисаҳо дар соли 2020 ва супоришҳо барои соли 2021 ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намуданд.
Вобаста ба масъалаи дуюм мудири бахши иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим Атобеков Нуралӣ ба сухан баромада, зикр намуданд, ки Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ишкошим барои солҳои 2016-2020 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, № 798 тасдиқ гардида, 134 адад лоиҳаҳои гуногунро бо харҷи беш аз 220,5 миллион сомонӣ дар бар мегирад. Ба ҳолати 1 январи соли 2021 дар маҷмуъ дар 59 адади лоиҳаҳо корҳо ба маблағи умумии зиёда аз 58,1 миллион сомонӣ амалӣ гардида, 30 адади лоиҳаҳо бо арзиши 48,2 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд.
        Мутобиқи масъалаи 3 юми рӯзномаи машварат оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон –Ватани азизи ман” ва “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” муовини раиси ноҳияи Ишкошим Холдорзода Ашам баромад намуда, иброз доштанд, ки озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон –Ватани азизи ман” ва “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” дар ноҳия дар сатҳи зарурӣ баргузор гардида, ғолибони озмунҳо дар даври вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзиданд ва сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Инчунин баён доштанд, ки иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии озмуни “Тоҷикистон –Ватани азизи ман” сазовори мукофоти маблағӣ дар ҳаҷми 15,0 ҳазор сомонӣ гардиданд. Дар оянда бо мақсади ҷалби бештари довталабон ҷиҳати иштирок дар озмунҳои болозикр иштирокдорони даври ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявии озмунҳои Тоҷикистон –Ватани азизи ман” ва “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” бо ифтихорномаи раиси ноҳия ва мукофоти маблағӣ қадрдонӣ карда шуданд.
    Аз рӯи масъалаи чоруми рӯзномаи машварат Комиссари комиссариати ҳарбии ноҳия подполковник Гулбердизода Алишер Муҳаммад баромад намуда, вобаста ба омодагии ҳамаҷониба ба сафарбаркунии ҷавонони синни даъвати давраи баҳорӣ ахборот доданд.
     Пас аз шунидани гузоришҳои маърӯзачиён директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Иззатулло Ҳабибулло баромад намуда, зикр доштанд, ки новобаста аз оне, ки ноҳияи Ишкошим яке аз ноҳияҳои дурдасти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ин гӯшаи куҳистони ватан низ дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳо сол аз сол рушд карда, сатҳу сифати зиндагии сокинони ноҳия беҳбудӣ ёфта истодааст.Инчунин қайд намуданд, ки новобаста аз душвор гардидани вазъи иҷтимоиву иқтисодии ҷомеаи ҷаҳон алалхусус дар давраи хуруҷи бемории сироятии коронавирус нишондодҳои мусбӣ дар соли 2020 ба даст омаданд.
      Дар охири машварат раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад суханронӣ намуда, ба роҳбарони алоҳида идорау муассисаҳо ҷиҳати иҷрои содиқонаву софдилонаи вазифаҳои бардӯштошта изҳору сипос намуда, маъсулини дигар сохторҳоро баҳри иҷрои саривақтии дастуру супоришоти додашуда дар соли 2021 муваззаф намуданд.

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (795)
  • Эълонҳо (1)
Январ 2021
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Дек   Фев »
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 27
  • 13 608
  • 530 373
  • 99 734
  • 15
  • 822
  • 0
  • 30.04.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet