Ёдовар мешавем, ки санаи 26 декабри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пайёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муваззаф намуданд, ки ба ифтихори ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”-ро аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр намуда, ба ҳар як хонаводаи тоҷикистонӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯҳфа намоянд.
Хушбахтона дар таърихи 12 январи соли 2021 гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Ғаззозода Суҳроб – намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Собирзода Нуралӣ – муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯҳфаи арзишманди навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастрас намуда, ба тақсимоти он оғоз намуданд.
Нахуст Собирзода Нуралӣ – муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холдорзода Ашам – муовини раиси ноҳияи Ишкошим ва дигар маъсулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим тақсимоти тӯҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба оилаҳои собиқадорони ноҳия тақдим намуданд.
Дар навбати худ мардуми ноҳияи Ишкошим тӯҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти беандоза пазируфта, миннатдории амиқи худро ба Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.
Худи ҳамин рӯз ба ҷамоатҳои деҳот, алалхусус деҳаҳои дурдасти ҳудуди ноҳия тӯҳфаи хотирмон ва гаронарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастрас карда шуд ва алҳол тақсимоти он дар ноҳия идома дорад.