Т а б р и к о т и
раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2021
Ҳамдиёрони азиз!
Лаҳзаҳои ангуштшумор боқӣ мондаанд, ки мову Шумо бо соли 2020 хайрбодӣ намуда, бо умеду орзуҳои нав омодаи истиқболи Соли нави мелодии 2021 ҳастем. Ба ҳамаи мову Шумо хотирмон хоҳад монд, ки сарфи назар аз ҳамаи руйдодҳои соли ҷорӣ , соли 2021 барои мо дар даврае рост омадааст, ки, ҳар яки моро дар муҳити бунёдгаронаву созандагӣ, ҷомеаи амну осоишта ва саршор аз сулҳу ваҳдат фарогир мебошад. Дар ин росто ҳамаи шумо ҳамдиёрони азиз ва ҳамдиёрони берунмарзиро ба фарорасии соли нави мелодии 2021 бо камоли эҳтиром, самимияти беандоза ва сидқан табрику таҳният гуфта, барои ҳамаи Шумо пеш аз ҳама сиҳатии комил, умри бардавом, рӯзгори пурфайзу обод ва фазои зиндагонии саршор аз шодиву нишотро хоҳонам.
Аз мадди назар дур нест, ки соли 2020 дар таърихи ҷомеаи ҷаҳон бемории сироятии коронавирус хуруҷ намудаву сабабгори фавти зиёди одамон гашт. Инчунин ин бемории сироятпазир ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияамон бетаъсир набуда, дар амалишавии баъзе мақсадҳои рушд садди роҳ гардид.
Мардуми шарафманду меҳнатқарини ноҳияи Ишкошим бо неруву матонат ва иродаи қавӣ сарфи назар аз ин бемории сироятӣ, раванди корҳои созандагиву бунёдкориро вусъат дода, дар соли 2020 якқатор иншоотҳои аҳамияти муҳимдошта дар қаламрави ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, сохтмони бархе аз иншоотҳо оғоз гардиданд.
Соле, ки мо бо он хайрбодӣ менамоем соле буд, ки мардуми ноҳия дар қатори дигар сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ташкилу баргузории ду маъракаи муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи вакилон ба мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, саҳми назарраси худро гузоштанд.
Бовар бар он дорам, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Ишкошим дар соли 2021 аз ҳарвақта бештар дар ҷодаи ободии ноҳия, тақвият додани корҳои ободониву созандагӣ, ҳусни нав бахшидан ба симои деҳот ва ноҳия камари ҳиммат баста, саҳми босазои худро мегузоранд.
Соли 2021 ба даврае рост меояд, ки дар кишвари азизамон ҷашни пурифтихори миллӣ-30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Итминони комил дорам, ки сокинони арҷманди Ишкошимзамин бо дастоварду дастовезҳои ҷашнӣ ин санаи арзандаи даврони давлатдории навинамонро дар ҳамбастагӣ ва ҳисси баландӣ ватандӯстиву худшиносии миллӣ таҷлил менамоянд.
Ҳамдиёрони азиз! Дар фарҷоми сухан бори дигар шумоёнро табрик гуфта, дар амалишавии орзую мақсадҳоятон комёбиҳоро хоҳонам. Сиҳатманду хонаобод бошед!