• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 14.12.202014.12.2020 by ishkoshim

                                                                               

 

 

 

 

 

Ҷавонони ояндасози миллат
          Шумо-ҷавонон барои тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллат,рушду ободии мамлакат дар асрсаи ҷаҳон ва миёни давлатҳои мутамаддини олам мақоми шоиста ёфтани Тоҷикистони азиз масъуляти бузург бар душ доред.
(Аз суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони мамлакат 21-май соли 2005)
         Дар замони сарнавиштсози мо,дар айёме,ки бисёре аз миллату қавмҳо дар рӯ ба рӯи иинтихоби таърихӣ қарор гирифтаанд,барои мо тоҷикон,баробари соҳиб шудан ба истиқлолияти сиёсӣ,гузаштаи дуру наздики худро баррасӣ намудану аз таърих сабақ гирифтан,дар ҷомеаи ҷаҳони мақому нақши худро муайян кардан хеле муҳим аст. Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузургу беҳамтоест,ки барои таҳкими ҳокимяти давлатӣ ва бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард. Имрӯз мардуми шарифу бонангу номуси тоҷик хушбахт ва шукргузор аз он аст,ки дар муҳаббатгоҳи ҷовидон,ки Тоҷикистон ном дорад,сулҳу субот,амну осоиштагӣ,дӯстиву рафоқат,якдиливу якмаромӣ ва иттиҳодӣ миллат пойдор аст.
Тавре маълум аст,яке аз омилҳои асосӣ барои рушди ҳар як кишвар дар қатори дигар арзишҳо захираи инсонӣ,аз ҷумла ҷавонон ба ҳисоб меравад.Ин имкон медиҳад,ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода шавад.Дар кишваре,ки вазъи демографи мунтазам афзоиш меёбад ва беш аз 35 дарсади аҳолиро насли ҷавон ташкил медиҳад,муайян намудани сиёсати давлатии ҷавонон аз нуқтаи назари сиёсӣ ва иҷтимоӣ аҳамияти калон дорад.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир ба сиёсати ҷавонон,ҳамчун бахши стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар ҳамаи марилаҳои рушди ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.Таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои миллат,Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавононаз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ возеҳу равшан ба назар мерасид.Ин буд,ки баъд аз 70 рӯзи сарварии роҳбари давлат санаи 2 феврали соли1993 бо намояндагони ҷавонони мамлакат вохӯрии судмандро анҷом доданд.Ин мулоқот дар ҳолате сурат гирифт,ки фазои кишвари азизамон хеле ноором буда,мамлакат дар оғӯши ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда буд.Аксари мардуми минтақаҳои кишвар ҳатто фикри зинда мондани худро мекарданд.бештари сокинон бовар надоштанд,ки рӯзе оташи ҷанги хонумонсӯз хомуш мегардад ва миллати тоҷик баъди солҳои зид соҳиби давлати мустақил мегардад.Аммо дар мулоқот Пешвои миллат ҷавононро барои бунёди давлатӣ устувор,бедор намудани ҳисси баланди ватандӯстӣ,ҳимояи марзу буми кишвар ва аз порашавӣ нигоҳ доштани кишвари навбунёд даъват ва ҳидоят намуданд.Ҷавонони кишвар дар симои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.ки ба ҷавононии худ нигоҳ накарда барои миллати тоҷик ҷонбозиҳои бемислу монанд анҷом медоданд,шахси нисбати давлату миллат ғамхору дилсӯзро медиданд. Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба маъсалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад.Нақши илм ва маориф дар тарбияи ҷавонон хеле бузург буда,гувоҳӣ аз он медиҳад,ки ҷавонон ба илмомӯзӣ шуғл варзида,аҳмияти ҷиддӣ диҳанд ва барои рушди он камари ҳиммат банданд. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба раванди омода намудани олимони ҷавон вобаста ба талаботи соҳаҳои илм ва маориф таваҷҷӯи махсус зоҳир намуда,дар давоми солҳои истиқлолият барои дастгирии ҷавонон соҳибистеъдоду лаёқатманд тадбирҳои назаррасро анҷом дода истодааст. Фароҳам овардани шароити мусоид ва имконоти муассир ҷиҳати худташаккулёбӣ, худамалигардонӣ, тарбия ва маърифатнокии комили ҷавонондар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ, беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва тарзи ҳаёти солими ҷавонон, имрӯз, яке аз вазифаҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муҳимтарин василаи баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва омӯзиши таърихи пурғановати миллати худ ба ҳисоб меравад.
             Зеро мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсии онҳо дар баробари неруи демократии ҷомеа ва давлат хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи рушд ва ояндаи кишварро муайян месозад. Ҷомеа ё кишваре, ки дар навбати аввал ба таълиму тарбия, рушди маърифатнокӣ ва фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намекунад, ба сатҳи баланди инкишоф расиданаш ба гумон аст. Ҷавонони соҳибистиқлол дар ҳар давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллат аз онҳо вобастагии калон дорад. Ҳукумати кишвар низ барои тарбияи ҷавонон як қатор қонуну санадҳоро қабул намуд, ки барои фаъолияти озодона ва комгор гаштани ҷавонон шароити васеъ фароҳам овард.
Махсусан эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» аз таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ҷавон дарак медиҳад. Инчунин баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон- Ватани азизи ман”, ки бо мақсади дарёфти чеҳраҳои лаёқатманд, боистеъдоду соҳибкасб равона гардидаанд, ҳамзамон муқаррар намудани стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои олӣ, ҷалби ҷавонон дар фаъолияти идоракунии давлатӣ ва ғайра шоҳиди гуфтаҳои боло мебошанд.
        Ҷавонон ва масъалаи ба онҳо алоқаманд дар меҳвари асосии сиёсати Ҳукумати кишвар қарор дошта, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Зеро маҳз ҷавонони дорои эҳсоси ватандӯстии баланд метавонанд пешбаранда ва ҳимоятгари асили кишвар бошанд ва ба рушду инкишофи ҳамаи соҳаҳои он мусоидат намоянд.
Таърих, фарҳанг ва забони давлатиро арзишҳои аввалиндараҷаи худшиносии миллӣ мешуморанд, ки ин ҳақиқати ҳол аст. Фидокориву ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик, махсусан барои ҷавонони ояндасоз беарзишанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистонҳамаи қишри ҷомеа,махсусан ҷавонон таҳти ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, ки ин сарзамини биҳиштосоро барои насли ҷавонони хуштолеъ пойдору обод намудааст.
              Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон бисёр имтиёзҳо таъмин карда шуд. Қайд кардан зарур аст, ки имрӯзҳо 50 ҳазор ҷавонони тоҷик берун аз ҷумҳурии азизамон, яъне дар хориҷӣ кишвар таҳсил намуда истодаанд. Бо ташкил намудани Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзи беҳтарини донишомӯзӣ ва сазовори номи донишҷӯ гардидани ҷавонон дода шудааст.
       Бо сиёсату дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол зиёд гардид истодааст, ки ин таконе барои рушди донишомӯзӣ ва баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон шуморида мешавад. Имтиёзҳои барои ҷавонон муҳайёнамудаи Сарвари давлат аз он шабоҳат медиҳад, ки ба қудрату тавоноии ин қишри ҷомеа, яъне ҷавонон ва насли наврас,боварӣ доранд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд “Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ, ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”.
Ман бовар дорам, ки ҷавонони кишвар аз уҳдаи иҷрои ҳама вазифаҳои дар наздашон гузошташуда сарбаландона мебароянд ва минбаъд низ кӯшиш мекунанд, ки ба нафъи давлату ҷомеа боз ҳам содиқона хизмат намоянд.Зеро ҷавонон борҳо собит намудаанд, ки дар ҳақиқат пайравони Пешвои миллат буда, дар иҷрои ҳама кору масъулият, новобаста аз душвориҳои шароити ҷаҳонишавӣ ва таъсири дигар омилҳои беруна, қодиру тавоноянд.
          Мавриди зикр аст, ки бунёд гардидани майдончаҳои варзишии хурду бузург дар деҳаҳои дурдасти ҷумҳурӣ ва толорҳои ҳавзи шиноварӣ тасдиқи гуфтаҳои болоянд. Ҷавонон низ, ҷавобан ба ин ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тамоми саю кӯшиши худро ҷиҳати ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони биҳиштосо – равона намуда, пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат мекунанд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Мову шумо- ҷавонони соҳибватан бояд фаромӯш насозем, ки падарону бобоҳои мо мушкилиҳои зиёдро аз сар гузаронида, шабу рӯз меҳнат намуданд, ба сардию гуруснагӣ тоқат карданд, вале манфиати Ватану миллати худро аз ҳама боло дониста, кору пайкорҳои созандагиро пеш гирифтанд. Дар натиҷа барои мову шумо роҳҳои васеи мошингард, шаҳрҳои нав, иморатҳои замонавӣ, неругоҳҳои барқӣ, корхонаҳои саноатӣ, мактабҳои олӣ ва институтҳои илмии пешрафта бунёд карданд”.
        Сарвари давлат аз кӯшишу талошҳои насли ҷавон дар роҳи илму дониш ва шинохти арзишҳои миллию давлатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷавонони имрӯзаро ояндаи дурахшони навин хонданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор ва эътимоди хоса ба ин насли ояндадор муроҷиат намуда, қайд менамоянд, ки ҷавонони мо ҳар ҷойе ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.
       Имрӯзҳо ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи мамлакат кору таҳсил карда истодааст, бештар забонҳои хориҷиро омӯхта, соҳиби касбу ихтисосҳои гуногун шуда истодаанд, ки ин низ боиси ифтихори мост. Бо дастгирии Сарвари давлатамон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон он ташаббуссу таклифҳое, ки аз тарафи ҷавонон пешниҳод мешаванд, амалӣ гардида истодаанд.
Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолро ҳамаҷониба омӯзанд, аз сиёсати имрӯза огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.
          Мо ҷавонон пайваста дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, ҷавобан ба ин ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат тамоми саъю кӯшишҳои худро ба донишандӯзӣ, интихоби дурусти касбу ҳунарҳои муосирравона сохта, дар ободию пешрафти сарзамини аҷдодӣ, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият саҳми худро мегузорем.
      Дарки моҳияти истиқлолият ва қадру манзалати давлатдории миллӣ,ки омилиҳои муҳими ҳастии миллат ва бақои давлатдорӣ мебошад ,барои мо ҷавонон рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи муқаддаси фарзандист.
Муборакқадамзода Давлатёр магистранти Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (795)
  • Эълонҳо (1)
Декабр 2020
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Ноя   Янв »
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031  

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 30
  • 13 611
  • 530 376
  • 99 737
  • 22
  • 822
  • 0
  • 30.04.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet