Субҳи имрӯз раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муҳтарам Файзов Ёдгор Доёрович ба ноҳияи Ишкошим сафари корӣ анҷом доданд. Нахуст дар деҳаи Зонги Ҷамоати деҳоти Зонг раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муҳтарам Файзов Ёдгор Доёрович аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми рақами 4 дидан намуда, аз рафти таълим ва омӯзиш аз наздик шинос гардиданд. Баъд аз боздиди муассиаи мазкур дар деҳаи Ҳисори Ҷамоати деҳоти Зонг нуқтаи оби нӯшокиро, ки дар ҳамкорӣ бо Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Кӯҳистони Фонди Оғохон ва Раёсати бо арзиши лоҳиавии 422320 ҳазор сомонӣ ва дарозии умумии хати оби нӯшокӣ 11593 метрро ташкил медод мавриди истифода қарор дода шуд.Маблағгузор Раёсати Шветсария оид ба ҳамкорӣ ва рушд мебошад.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муҳтарам Файзов Ёдгор Доёрович зимни баромад барои ҳамкориҳои мутақобилан судманди рушд алалхусус БҶИИМК –и Хазинаи Оғохон ва барои сокинони деҳаи Ҳисор ҷиҳати саҳмгузорӣ дар корҳои созандагиву бнёдкорӣ изҳори миннатдорӣ намуданд. Инчунин мененҷери минтақавии БҶИИМК дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Хумориков Хуҷамёр оид ба амалӣ гардидани пружаҳо ва ҳамкориҳои дуҷониба суханронӣ намуданд.
Дар навбати худ сокинони ин деҳа миннатдории самимии худро ба роҳбарияти Олии кишвар, роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва БҶИИМК –и Хазинаи Оғохон ва Раёсати Шветсария оид ба ҳамкорӣ ва рушд баён доштанд. Нимаи ҳамин рӯз дар деҳаи Шитхарви Ҷамоати Шитхарв хати оби нӯшокӣ бо арзиши умумии 1246794 сомонӣ ва дарозии хати обӣ нӯшокӣ 14371 метр мавриди истифода қарор дода шуд. Сокинони деҳаи Шитхарв аз дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати кишвар, роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳия сарфароз буда сипоси самимии худро баён намуданд.
Дар деҳаи Дашти Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков раиси ВМКБ, муҳтарам Файзов Ёдгор Доёрович, раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад ва роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва БҶИИМК –и Хазинаи Оғохон Хумориков Хуҷамиёр ва ҳайати расмӣ аз рафти корҳои сохтмонии анбор барои нигоҳдории маҳсулотҳои кишорварзӣ бахусус картошка дидан намуда аз рафти кор изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар рафти сафари корӣ дар деҳаи Яхшволи Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков раиси ВМКБ, муҳтарм Файзов Ёдгор Доёрович аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23 дидан намуда ҷиҳати саривақт ба сомон расонидани корҳои думбомакунии бино дастурҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин дар деҳаи Қозидеҳ хати оби нӯшокӣ бо арзиши умумии 858177 сомонӣ бо дарозии 15213метр мавриди истифода қарор дода шуд.
Бояд қайд намуд, ки сол то сол дастрасии аҳолии деҳоти ноҳия ба оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардида мушкилотҳои ҷойдошта бартараф гардида истодаанд.