Боиси шодмонист, ки дар санаи 24-ноябри соли 2020 дар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои боҳашамати маъмурии филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ноҳияи Ишкошим кушода шуд. Дар ифтитоҳи бинои мазкур Раиси ноҳияи Ишкошим муҳтарам Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад, муовини раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” муҳтарам Ризвонзода Фирдавс Зикр ва ҳайати расмӣ ширкат намуданд. Қобили қайд аст, ки ин бино иншооти ҷашнӣ буда, мувофиқи нақша чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим оид ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-майи соли 2018 №АП-1059 ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд.
Бинои мазкур бо маблағгузории Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо маблағи умумии 2.824.000 аз тарафи ширкати “Парвиз-92” сохта шуда,имрӯз он ба ҳусни ноҳия ҳусни нав зам намуда,симои ноҳияро дигаргун намудааст.