Дар таърихи 23 ноябри соли 2020 дар толории Мақомти иҷроияи ҳокимияти давалтии ноҳияи Ишкошим чорабинии ботантана ва бошукуҳ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар баргузории чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад суханронӣ намуда, кулли сокинони ноҳияи Ишкошимро ба ин санаи муҳим табрик намуд. Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, баёнгари иттиҳоду ҳамбастагӣ, нангу номус, худшиносиву меҳанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми бо фарҳанги мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Инчунин хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 20-и ноҳия дар васфи парчам порчаҳои шеъри қироат намуданд. Дар чорабини мазкур аз тарафи Раиси ноҳия ҳаваскорони хонаи фарҳанги ноҳия бо мукофотҳои маблағӣ қадрдонӣ карда шуданд. Барномаи фарҳанги аҳли ҳунари ноҳия муҳтавои чорабинӣ буд