Соли чорум аст, ки дар сартосари ҷумҳурӣ рӯзи Президент дар сатҳи олии маънавию фарҳангӣ таҷлил мегардад. Ба тақвими санаҳои сиёсиву таърихии мамлакат шомил гардидани ин рӯз тақозои давру замон ва хоҳишу дархости мардуми бофарҳанги Тоҷикистон мебошад.
Дар ин росто ин санаи муҳиму таърихиро ба якояки Шумо ҳозирин ва ҳамдиёрони берунмарзӣ сидқан таҳният гуфта, пеш аз ҳама бароятон сиҳатмандӣ, умри бардавом ва дар корҳои ҳаррӯзаатон комёбиҳоро орзу менамоям.
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳоҷат ба исбот нест, ки давлатдори корест басо сангин, бахусус дар даврони имрӯза, ки дар зиёда аз 100 давлати дунё низоҳо, ҷангҳо ва кашмакашиҳои сиёсӣ рафта истода, хавфи аз байн рафтани давлатҳои хурди рақобатнопазир ба миён омада истодааст. Имрӯз танҳо давлатҳое дар саҳифаи таърих мемонанд, ки сарвари дурандеш, роҳбари раҳнамо, халқпарвар ва ватандӯсти асил, Пешвои воқеан пешбину пешбаре дошта бошанд. Имрӯз чунин шахсияти ба камолрасидаи сиёсӣ дар Тоҷикистони мо маҳз Эмомалӣ Раҳмон аст.Пешвое, ки дар фурсати барои таърихсозӣ ниҳоят кӯтоҳ тавонист алангаи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш созад, Пешвое, ки дар рӯзҳои сангини ин миллат ҷони худро сипар намуда, миллати тоҷикро сарҷамъ намуда, аз нобуди раҳонид Пешвое, ки баъди интихоб шуданаш дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин суханаш аз сулҳ буд, ва ниҳоят Пешвое, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, мардумашро зери ливои парафшони ин Ватан муттаҳид намуда, баҳри ободии он раҳнамун сохт. Агар тамоми фаъолияти ин марди бузургро тӯли даврони роҳбариаш ба шакли ҷадвале дароварданӣ шавем, он гоҳ ба ҳар як рӯзи ин ҷадвал, ҳатто ба як соати он як иқдоми наҷибона, як кори созанда рост меояд. Ин ҳамон Пешвоест, соли равон дар маросими савгандёкунӣ бори дигар таъкид камуд, ки “Ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмон ҳастам, ки ҳеҷ вақт гузаштаамро фаромуш нахоҳам кард. Маро ба ин мартабаҳои баланд, нону намаки ҳар фарди Тоҷикистон ва меҳрубониву дастгириҳои халқи Тоҷикистон расонид. То нафаси вопасинам ба халқи худ дар ҳама ҳолат, хизмат хоҳам кард!” Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит сохт, ки миллати тоҷик дар интихоби роҳбари давлат иштибоҳ накарда, ҷонибдори сиёсати кунунии ин фарзанди фарзонаи миллатанд.
Дар тӯли 29- соли истиқлолият кишвари мо дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақил ва демократӣ қадамҳои устувор гузошт Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллии нав гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории худ, артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадиро таъсис дода устувор гардонд.Сулҳи тоҷикон бори дигар ба ҷаҳониён исбот кард, ки хиради миллат дар лаҳзаҳои ҳассостарин дар симои фарзандони фарзонааш таҷассум меёбад. Гузашта аз ин, натанҳо таҷассум меёбад, балки ин фарзандон бақои умраш мешаванд. Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик чунин фарзанди фарзона маҳсуб меёбад. Миллати тоҷик, ки душвортарин имтиҳони таърихиро ба шарофати ақлу заковати Сарвари худ паси сар кард, то метавонад ба ин абармарди худ арҷ гузошта, ҳамеша дуои ҷонаш мекунад.
15 апрели соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот ворид намуд, ки тибқи он 16 ноябр дар мамлакат ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил карда мешавад. Интихоби санаи 16 ноябр тасодуфӣ нест: маҳз ҳамин рӯз соли 1994 нахустин маросими савгандёдкунии Президенти нави Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида буд.
Ин рӯз бозгӯи ваҳдату ҳамдилии халқи тоҷик аст ва ҳамзамон ихлосу эътиқоди миллати тоҷик ва ҳар як тоҷикистониро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён менамояд. Табиист, ки рӯзи Президент дар бисёр кишварҳо бозтоби сиёсию маънавию фарҳангиеро доро аст ва он шакли як анъанаи маъмулиро гирифтааст. Дар кишвари мо таҷлили рӯзи Президент моҳияти васеътаринро молик аст, зеро дар ҷомеаи мо Президенти мамлакатро чун поягузори сулҳу ваҳдати миллӣ мешиносанд ва нисбати ӯ эҳтиром мегузоранд.
Яке аз сиёсатмадорони дунёи муосир, Президенти Руссия Владимир Путин ба сарвари давлати мо ҳамчун барқароркунандаи фазои оромиву субот дар Тоҷикистон чунин баҳо медиҳад:
“Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сарварони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад ва ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назараш дар ҳеҷ мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд. Ҳар он чӣ оиди ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дигар”.
Ин баҳои ҳаққонии сиёсатмадоре, ки исмаш дар сархати сиёсатмадорони ҷаҳон ҷой гирифтааст, ба Президети ҷумҳурии мо боиси ифтихори мост. Мавриди зикру таъкид аст, ки Президенти мо бо заҳмату талоши зиёд бо шуҷоату ҷасорат ва ҷавонмардӣ, бо хираду фаросат, бо дилу ниҳату покаш ин обрӯйи баландро соҳиб гаштааст. Эмомалӣ Раҳмон ба инояти Худовандӣ дар замоне ба сари қудрат омад, ки миллат дар аснои нестшавӣ ва парокандагӣ қарор дошт. Барҳақ, ӯ миллатро аз парокандагӣ ва кишварро аз нестӣ наҷот бахшид. Ӯ чун Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлат, ки дар Иҷлосияи 16-уми таърихии тақдирсоз ба ин мартаба ноил гашт, хуб медонист,ки дар он рӯзгори фоҷиабори вазнин чӣ масъулиятеро ба зимма гирифтааст. Вале ба ин нигоҳ накарда, таъкид намуд:
“Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони баруманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам , ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда,
барои гулгулшукуфонии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам боварӣ дорам”. Эмомалӣ Раҳмон барои Ватану миллат ояндаи нек ва ҳаёти хушбахтона ато кард, ки аз ин дида давлати бузурге барои мо, тоҷикон нахоҳад буд. Ҳар гоҳ ба таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол менигарем, шахсияти азизе пеши назар меояд, ки дар худ симои миллат, орзӯю омоли миллат, хираду фарҳанги миллат ва ояндаи накӯи миллатро таҷассум кардааст. Ин эҳсоси тамоми мардуми хирадманди мост. Сарвари давлат барои миллат ва ватани мо баҳри нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва хизмати басо бузургеро намудаанд. Ин буд, ки меҳнаткашон, модарону хоҳарони мушфиқ, пирони рӯзгордидаву ҷавонони навовару ғайратманд, чашми ростбин, хиради дурбин, забони ҳақгӯву табъи нуқтасанҷ ва ҳазорҳо бозуи қавӣ дар зери сиёсати оқилонаашон гирд омада, дар ободиву пешравии Тоҷикистон муттаҳид гардиданд.Фаъолияти пурмӯҳтавову пурмаҳсули давлативу ҷамъиятии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оинаест, ки дар он мавқеи миллати тоҷикро бо ҳама шаҳомат ва шӯҳраташ сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сӯи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода бо диди ибрат дурнамои кишваррро муайян карда метавонем.
Тӯли 29 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони азиз бо сарварии Президенти маҳбубамон ба як кишвари аз лиҳози иқтисодӣ рушдёбанда табдил ёфтааст. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ мамлакатамон ба бисёр дастовардҳо ва комёбиҳо ноил гардида, зиёда аз 2500 адад корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, маъданиву маишӣ, муассисаҳои олӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Бо арҷгузориву эҳтироми беканор мардуми шарифи ноҳияи Ишкошимро бо ин рӯзи саид – Рӯзи Президенти мамлакат бо таманнои пирӯзиву шодкомиҳои бепоён таҳният мегӯям.
Сарбаланду фирӯз бошед, ҳамдиёрони азиз!