Мактабу маориф ҳамаи вақт дар мадди аввали Ҳукумати мамлакат қарор дошта, ҷиҳати беҳбудӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои муассисаҳои таҳсилотӣ аз ҳамаи имкониятҳо васеъ истифода карда мешавад.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки ҷавонони деҳаи Намадгути Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбекови ноҳияи Ишкошим иқдом намудаанд, ки баҳри беҳтар намудани шароит барои хонандагону омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3 –и деҳаи болозикр дар назди муассиса боз чанд синфхонаҳои иловагӣ бунёд намоянд. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот идома дошта, ҷавонон ва сокинони меҳнатқарини деҳаи Намадгут азм доранд, ки то ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон синфхонаҳои иловагии сохташударо мавриди истифода қарор диҳанд.