Ҷавонон зодагони даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон Тоҷикистон буда, имрӯзҳо саҳми онҳо дар рушду пешрафти ҷомеа ва раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ хело назаррас мебошад.
Дар иртибот ба ин масоил метавон қайд намуд, ки Баҳром Сангмамадов аз зумраи ҷавонони ободкору ватанпарвар, эҳсонкор ва саховатпеша буда, иқдом гирифтааст, ки дар зодгоҳаш деҳаи Дашти Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ бо тарҳи замонавӣ бунёд намояд. Айни замон 40 фоизи корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот ба сомон расонида шуда, бино аз чор синфхона ва як хона барои омӯзгорон иборат мебошад. Ин иқдоми бунёдкоронаро сокинони деҳаи Дашт ҷонибдорӣ намуда, тариқи ҳашарҳои дастҷамъона дар кори сохтмон саҳмгузор мебошанд.Арзиши лоҳиавии ин иншоот 320 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.