Санаи 16-17 уми октябр дар асоси накшаи муштараки Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери унвони «Корвони зиддимухаддиротӣ – 2020» чорабинихои варзишию оммавӣ ва фарҳангию фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияи Ишкошим баргузор гардид.
Санаи 17 октябри соли равон бошад дар толори мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳяи Ишкошим рафти баргузории чорабинии муштараки фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ бо иштироки кормандони мақомоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери унвони «Корвони зиддимухаддиротӣ – 2020» ва зери шиори “Якҷо бар зидди маводи наъшадор мубориза мебарем” ҷамъбаст гардид.
Чорабинии мазкур бо гузаронидани мусобикахои варзишӣ, аз кабили волейбол, шашка ва шохмот оғоз ёфта, ғолибони онҳо бо туҳфаҳои сазовор қадрдонӣ гардиданд.
Бояд зикр намуд, ки мақсади баргузории чунин як чорабинӣ аз таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалишавии Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 сарчашма гирифта, он ба роҳандозӣ намудани тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ мусоидат менамояд.
Албатта пешгирии нашъамандӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати кишвар маҳсуб ёфта, коҳиши сатҳи он ва мубориза ба ин падидаи номатлуб дар байни ҷомеа нақши бориз мебозад. Зеро таъсири манфии ин зуҳуроти марговар ба мисли терроризму экстремизм ба амнияти давлат ва њатто ба генофонди миллат таҳдид намуда, фазои солимӣ ва оромии чомеаро метавонад халалдор намояд.
Дар рафти баргузории чорабинии мазкур роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ибрози назар намуданд, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебояд тамоми тадбирҳои мушаххасу максаднокро дар самти пешгирии нашъамандӣ роҳандозӣ намоем.
Намояндаи Агентӣ оид ба пешгирӣ ва баратараф намудани омилҳои ба наъшамандӣ мусоидаткунанда ва роҳҳои бартарафсозии он ибрози назар намуда, зикр карданд, ки иҷрои чунин чорабиниҳои муштарак аз амалишавии Стратегияи болозикр низ бармеояд.
Ҳамчунин қайд карданд, мақомоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ҳамоҳангсоз дар давоми фаъолияти худ бар зидди қочоқ, интиқол ва пањншавии маводи мухаддир, ба хусус сӯиистеъмоли онҳо муборизаи оштинопазир мебарад.
Мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ, ҳамкории дастаҷамъонаи ниҳодҳои масъули ҷаҳониро тақозо менамояд, зеро он ба тамоми кишвару қишрҳои ҷомеа таҳдид менамояд.
Дар интиҳои чорабинӣ намояндаи насли наврас ва дигар шахсони масъул баромад намуда, дастаҷамъона мубориза бурдани онро тақозо намуданд.
Ҳамзамон ба ғолибони бозиҳои варзишӣ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.