ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ МИРЗОЗОДА МУСО ОДИНАМУҲАММАД БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ
Ҳамдиёрони азиз!
Шумо ва тамоми мардуми ноҳияи Ишкошимро ба муносибати рӯзи забони давлатӣ, ки он аз соҳибистиқлолии давлатӣ ва истиқлолияти забони миллати фарҳангпарвар ва тамаддунофаринамон башорат дода, моро беш аз беш ба таҳкими истиқлолияти давлатӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ раҳнамун менамояд, самимона табрик мегӯям.
Дар ин муддат дар ҳаёти мардуми мо дигаргуниҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ рух доданд, ки ин бузургтарин рӯйдоди истиқлолияти давлатии мо мебошад.
Забони миллӣ ва ҳамзамон ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлату сиёсати ҳукумати мо ба ҳисоб меравад.
Забон дар ҳама давру замонҳо яке аз сарчашмаҳои асосии истиқлолияти миллӣ ва омили муҳимми ташаккули миллат мебошад. Дар ин замина, ҳанӯз ба сулолаи Сомониён муяссар шуда буд, ки дар қаламрави Мовароуннаҳру Хуросон бори нахуст дар таърих давлати мутамарказ ва миллии тоҷиконро бунёд намоянд.
Имрӯз ба касе пӯшида нест, ки Сомониён дар баробари истиқлоли давлатӣ ва сиёсӣ дар ташаккули халқи тоҷик ба забону фарҳанги он хизмати бузурги таърихӣ кардаанд.
Ба асари ҳамаи ин сиёсати забон ва фарҳанг дар аҳди Сомониён бузугтарин адибон ва донишмандоне, чун Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абуалӣ Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ ва муосирону пайвандони онҳо осори фаровон ва пурарзиши адабиву илмиро ба забони тоҷикӣ дарӣ ва ё форсии дарӣ эҷод карда, тавоноии ин забонро барои ҳамешагӣ ба ҷаҳониён собит намудаанд.
Дар тӯли 100 солаҳо забони мо дар ҳавзаи бузурги таърихи аз Баҳри Миёназамин то Ҳинду Чин ҳамчун забони муоширати байни қавмҳо ва халқҳои гуногун қарор дошта, дар таълифи осори ин мардумон низ нақши муҳим бозидааст. Дар замони истиқлолият забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо карда, дар асоси меъёрҳои таърихӣ ва адабӣ ташаккул пайдо мекунад.
Чунонки мебинем, забон баёнгари сарнавишти таърихи халқи тоҷик буда, бо истиқлоли Ватани мо сахт пайвастагӣ дорад.
Яъне ҳар гоҳ Ватани мо озод ва мустақил будааст, забони мо ҳам шукуфои ва истиқлол доштааст.
Миллати тоҷик бо фарҳанги чандинсолаи хеш ифтихор дорад ва бо ин ҳама арзишҳои фарҳангӣ, то замони мо маҳз тавассути забон ёдгор монда ва ба воситаи забон шинохта шудаанд. Барои ҷалби тамоми ҷомеа бо амри хайри ҳифзи забон ва баланд бардоштани ҳифзи ифтихору эҳтироми шаҳрвандон ба забони модарии хеш соли 2008 соли забони тоҷикӣ эълон гардид.
Ҳатто бо вуҷуди маҳдудиятҳои зиёди даврони шӯравӣ низ забони тоҷикӣ кӯшишҳои пайвастаи шахсиятҳои фидокори илмиву адабӣ фарзандони фарзонаи миллат, чун Қаҳрамони тоҷик устод Садриддин Айнӣ бузургию асолати таърихию миллии худро сарбаландона адо намуд.
Вале давраи сифатан нав барои мавқею манзалат дар инкишофи забони тоҷикӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ оғоз гардид. Ҳар яки мо бояд ин ҳақиқати таърихиро дарёбем ва ба қадри Модару – Ватан, арзишҳои миллӣ бирасем.
Пӯшида нест, ки таваҷҷуҳи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон бо мақому манзалати забони тоҷикӣ махсус буда, дар тозаю ғанӣ гардонидани он саҳми беандоза дорад. Дар робита ба ин масъала дар яке аз суханрониҳояшон Пешвои миллат чунин зикр доштанд:
«Пок, беолоиш нигоҳ доштани забон ва асолату шевои онро ҳифз кардан қарзи фарзандии ҳар яки мову шумост».
Бинобар ин олимону зиёиёни мо бояд ба таҳқиқи масъалаҳои муҳимтарини забон ва таҷдиду таҳияи қомусу фарҳангномаҳо, ки барои баланд бардоштани сатҳи забондонӣ ва маърифати забономӯзии наслҳои имрӯзу оянда заруранд, ҷиддӣ машғул шаванд.
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози даврони истиқлолият то ба имрӯз дар масоили забони давлатӣ ва таъмини мақоми он дар муносибатҳои сиёсиву иҷтимоӣ пайваста тадбирҳо андешида, ҳифз ва рушди онро аз вазифаҳои муқаддаси худ медонад.
5 – уми октябри соли 2009 баъди қабули Қонун “ Дар бораи забони давлатии Ҷумҳҳурии Тоҷикистон» ин сана ҳамчун рӯзи забони давлатӣ дар кишвари мо эълон шуд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон » бо тартиби Қонуни ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 сентябри соли 2009 қабул намудааст.Қобили қайд аст, ки «Забон сарвати беҳамтои миллат аст»
Бинобарин мо соҳибони забонро лозим аст, ки нисбати ин боигарии миллатамон бетараф набошем. Мо бояд инро дар ёд дошта бошем ва гиромидошти забони модарӣ, пояи ҳатмӣ ва бе чуну чарои Қонуни забон бояд ба ҳолати ҳамарӯзаи ҳар як фарди бо нангу номус табдил ёбад.
Дар фарҷоми сухан бори дигар кулли Шумоёнро ба рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният намуда, ба ҳар яки шумоён тансиҳатӣ, рӯзгори обод ва хушиҳои зиндагиро хоҳонам.