Санаи 16 уми сентябри соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим иҷлосияи чорум дааъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошим баргузор гардид.
Ба муҳокимаи иҷлосияи чорум (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия масъалаҳои зерин гузошта шудаанд:
1. Рафти иҷрои қарори раиси ноҳия аз 19 майи соли 2016 №216, қарори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 30 апрели соли 2016, №134, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2016, №53 “Дар бораи Барномаи рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”;
2. 2.Рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Ишкошим аз 28 январи соли 2014, №20 “Дар бораи ҳифз ва самараноку оқилона истифода бурдани заминҳои корами обӣ”;
3. Тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия, ки байни иҷлосияҳои сеюм ва чоруми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия қабул гардидаанд
Инчунин ба иҷлосия мудирони шуъбаҳо, бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, воҳидхои сохтории мақомоти иҷроия, роҳбарони идораю муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ, фаъолони ноҳия, ки вакил нестанд даъват шудаанд.