• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 08.09.2020 by ishkoshim

                                                                           Сухани табрикотии
раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо ба ифтихори  29 солагии Истиқлолияти давлатии                Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!
Боиси фахру ифтихор аст, ки имрӯз дар фазои сулҳу суботи комил ва ҷомеаи амну осоишта мо ин санаи муҳиму таърихӣ яъне 29 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем.
Аз ин рӯ бо камоли эҳтиром ва самимият якояки Шумо мардуми сарбланду меҳнатпазир ва дар симои Шумо ҳамаи ҳамдиёрони берунмарзиро ба ифтихори ҷашни 29 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, пеш аз ҳама ба Шумоён саломатии доимӣ ва рӯзи хушу рӯзгори ободро хоҳонам.
Истиқлолияти Тоҷикистон ин худ таърихи навин дар ташкили давлатдории мо тоҷикистониён буда ҳамчунин даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон ин раванди мукамали бунёдкорию созандагӣ дар ҳаёти ҳар яки мо мебошад.
Ҳарчанд, ки истиқлолияти мо ҷавон аст, вале решаҳои он ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасанд ва аз муборизаҳои фидокоронаи ҳазорон нафар фарзандони далеру қаҳрамони миллатамон, ки дар роҳи озодиву истиқлоли сарзамини аҷдодиамон ҷон фидо карданд, шодоб гардидаанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати 29 соли истиқлолият тавонист, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд пешрафти усутувори ватанамонро таъмин намояд, мақоми онро дар арсаи байналмилалӣ боло бардорад, пояҳои давлатдории мустақили худро тақвият бахшад, тамоми кӯшишу талош ва захираву имкониятҳои худро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи халқамон равона созад.
Ин ҳама файзу баракат ва нерӯи истиқлолият буд, ки мо барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, раҳо намудани мамлакат ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар муддати начандон тӯлонӣ ба дастовардҳои зиёд ноил гаштем ва фаъолияти созандаи Ҳукумати мамлакат дар ин самтҳои стратегӣ рӯз то рӯз вусъат ёфта истодааст.
Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ ва ҳамешагӣ бахшид.
Ишкошим низ яке аз гӯшаву канор ва мавзеҳои таърихии мамлакатамон ба ҳисоб рафта, қобили зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии ватан дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии он пешравиҳои назаррас ба амал омаданд.
Бо шарофати истиқлолияти кишвар мо низ тавонистем дар тӯли ин солҳо ба нишондодҳои назарраси иқтисодӣ ноил гардем.
Тамоми талошҳои Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия низ ба он равона шудаанд, ки ҳар як гӯшаи кишвари азизамон, аз ҷумла ноҳияи Ишкошим рушду тараққӣ карда ба ҳадафҳои ниҳоии худ ноил гардем.
Ба ин мақсад дар замони истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ишкошим зиёда аз 100 иншооту биноҳои таъиноти гуногун бо харҷи 400 миллион сомонӣ бунёд карда шуданд.
Бояд қайд намуд, ки соҳаи кишоварзӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия нақши назаррас дошта, зиёда аз 11 ҳазор нафар аҳолии ноҳия дар ин соҳа кору фаъолият доранд.
Дар солҳои соҳибистиқлолии ватан дар асоси Барномаи азхудкунии заминҳои нав дар давоми солҳои 2008-2010 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 100,0 га заминҳои бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд.
Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар маҷмӯъ ба андозаи 11,0 баробар баланд гардида, сол то сол бозори дохила аз натиҷаҳои истеҳсолии кишоварзони ноҳия ғанӣ гардида, талаботи аҳолии ноҳия бо моли ниёзи мардум, аз ҷумла ғалла, картошка, сабзавот, мева, шир, гӯшт ва ғайраҳо то андозае таъмин мегардад.
Дастоварду пешравиҳои дар боло овардашуда худ далели он мебошанд, ки ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони кишвар, паст кардани сатҳи камбизоатии шаҳрвандони он ба шумор меравад. Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар мо низ тавонистем дар тӯли ин солҳо ба нишондодҳои назарраси иқтисодӣ ноил гардем. Ман ҳамчун раиси ноҳия бо боварии том ба Шумо ҳамдиёрони азиз гуфтаниям, ки моро чун имрӯз ва чи оянда, бо бардошти ҳисси меҳанпарастӣ, нигоҳи умед ба фардо, ояндаи дурахшон, фатҳи қуллаҳои нави зиндагӣ, пешрафти устувору қувваи ҷанбаҳои мухталифи ҷомеа ва пирӯзиҳои бузурге дар пеш интизор аст. Тамоми бурдбориҳо ва пирӯзӣ ин ҳама аз соҳибистиқлоливу ҳамдилӣ ва бародарии кулли мардуми бофарҳангу куҳанбунёди мо сарчашма мегиранд. Итминони комил дорам, ки дар ояндаи наздик баҳри сазовор истиқбол намудани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони ноҳия дар шукуфоӣ ва ободонии ноҳия аҳлона саҳми арзандаи худро мегузораанд
Дар фарҷоми сухан бори дигар ҳамаи Шуморо ба таҷлили ҷашни бошукуҳи кишвари маҳбубамон, 29 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, ба ҳамагон зиндагии пурфайзу баракат, тани сиҳат ва хонаободиро таманно намуда, баҳри ободию шукуфоии ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ дар умум Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи созандагӣ ва фатҳи қуллаҳои нав ба навро хоҳонам.
Сарбаланду хушбахт бошед!

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (795)
  • Эълонҳо (1)
Сентябр 2020
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Авг   Окт »
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930  

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 33
  • 13 614
  • 530 379
  • 99 740
  • 24
  • 822
  • 0
  • 30.04.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet