Сухани
табрикотии раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад ба рӯзи кормандони соҳаи тиб
Муҳтарам кормандони соҳаи тиби ноҳия! Имрӯзҳо шукрона аз он дорем, ки дар сарзамини аҷдодиамон Тоҷикистони азиз сулҳу субот, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ комгор буда, шумо кормандони соҳаи тиби ноҳия дар қатори дигар табибони қаламрави кишвар ба умеди фардои нек баҳри солимии миллат ва ҷомеа дастҷамъона заҳмат кашида истодаед.
Аз ин рӯ бо камоли эҳтиром якояки Шуморо ба рӯзи пурифтихори касбиатон яъне рӯзи кормандони соҳаи тиб таҳният гуфта, пеш аз ҳама бароятон сиҳатмандии бардавом, рӯзгори ободу осуда ва дар иҷрои вазифаи пурмаъсулатон муваффақиятҳоро хоҳонам.
Аз нигоҳи назар дур нест, ки дар баробари хуруҷи бемории сироятии коронавирус дар қаламрави ҷумҳурӣ бахусус дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим маҳз заҳмату талошҳои шумо кормандони соҳаи тиб ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус ва беҳтару бо сифат ба роҳ мондани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ дучанд ва бараъло ҳис мегардид. Ҳамчунин метавон қайд намуд, ки дар давраҳои хуруҷи бемории сироятии коронавирус шумо нахуст муборизон ва фидоиёне будед, ки дар мубориза алайҳи вабои аср ва ҷомеаи ҷаҳон бархостед. Ҳеҷ вақт ва ҳеҷ гоҳ хизматҳои шоистаатон аз мадди назар дур нахоҳад монд.
Лозим ба зикр аст, ки имрӯзҳо мо дар ҷомеае, зиндагонӣ дорем, ки фазояш осудаву ҳаёти одамон дар як маҷрои орому осуда ва муҳити созандаву бунёдкоронаро дорост.Имрӯзҳо дар саросари кишвари маҳбубамон самтҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар бо маром рушд ёфта ба Тоҷикисони азизамон ҳусну симои тоза ва нав зам намуда истодаанд.
Маҳз ин ҳама пешрафт аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки мо дар як давраи кутоҳи давлатдории навин ба марҳилаҳои нисбатан муҳими рушди соҳаи тиб расидем.
Дар фарҷоми сухан бори дигар Шуморо ба рӯзи касбиатон табрик гуфта, сарбаланду хонаобод бошед.