Чунин ба назар мерасад,ки дар охири асри 20 ва ибтидои асри 21 барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ду душмани наве пайдо гардидааст. Ин ду душман басо хавфнок, неруманд ва басо бераҳм мебошанд. Метавон, ки номи онро ифротгароӣ ва терроризми байналмиллалӣ номид. То вақте, ки онҳо мағлуб нагардад, ягон нафар худро хушбахт эҳсос нахоҳад кард. Ҳоло терроризмро “вабои ду асри охир” меноманд ва ин маризӣ бо неруи тағрибкоронааш дунёро раҳо карданӣ нест. Аз рӯйи омор дар ду рӯз як ҳамлаи террористӣ ба амал меояд ва одамони зиёди бегуноҳ ба ҳалокат мерасанд. Хушунат разилӣ ва бераҳмӣ зиёд гардида, дар натиҷа қурбонии зиёдро ба бор меорад. Омодагӣ ва муташаккилии террористон низ боло мегирад. Ҳар як ҳамлаи террористӣ нисбат ба пешинааш даҳшатовар мегардад. Ҳоло дар ҷаҳон дигар террористонро ба “хуб”-у “бад” ҷудо намекунанд ва кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки аз ин шарру бадӣ раҳо ёбанд. Баҳс дар сари он аст, ки террористон дини Ислом ва дигар адёнро сипари корҳои зишти худ мекунанд ва барои амалҳои зишташон оятҳои муборакро аз китобҳои муқаддаси осмонӣ бардурӯғона таъбиру тафсир намуда, ҷавонони бесаводу камдонишро мутеъи худ намуда, ба ҳалокат мерасонанд. Ин ақидаи онҳо бепоя ва билкулл ғалат мебошад. Бинед, ки миллионҳо мусулмонони сайёраро терористон ба даҳшат меафкананд, зеро террористон масҷид ва ибодатгоҳо, бемористонҳоро ҳадафи ҳамлаҳои маргбор қарор медиҳанд, ки ҷонҳои чандин ҳазор инсонҳо аз амалҳои зишти онҳо аз байн меравад. Пирӯзӣ бар терорризм дар сайёра дар сурате муяссар мегардад, ки ҳамаи одамон муттаҳидона ба зидди террористон мубориза баранд. Мубориза набояд бо пайдоиши ин падида оғоз гардад, балки сабабҳои пайдоиши онро муайян намуд. Бояд дар хотир дошт, ки олимони соҳаи низошиносӣ ва сарварони кишварҳо чанд гурӯҳҳои террористиеро, ки ба амнияти ҷаҳони имрӯза хатари ҷиддӣ доранд ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ дохил намудаанд, ки дохил шудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони кишварҳои дигар дар ин гурӯҳҳои террористӣ мамнуъ мебошад.
Яке аз ин гурӯҳҳои террористии № 1-и Усома бини Лодан мебошад, ки фаъолияти ин гурӯҳ ба амал овардани тарсу ваҳми одамон ва вайрон намудани сохтори сиёсӣ нигаронида шудааст. Ҳамчунин ин гурӯҳи террористӣ ба тарсондани аҳолӣ ба василаи инфиҷору кушторҳо фаъолияти худро пеш мебарад.
Ба ин монанд фаъолияти “Бригадаи сурх”-и Италия мушоҳида кардан мумкин аст;
-ростгорҳо(ултраправе). Ҳадаф-тарсонидани аҳолии кишвар, яъне гурӯҳҳои этникӣ ба муқобили гурӯҳҳои муайяни этникӣ;
-чапгароҳои ин гурӯҳ ҳам мақсад бо роҳи зуроварӣ аз байн бурдани сохти давлатдориҳоро дорад.
Гурӯҳои террористӣ кори худро ба намудҳои гуногун аз қабили:
– ҳаракати миллӣ – озодихоҳӣ:
-инқилобӣ ва аксулинқилобӣ;
-суберсивӣ -халалдор намудани низоми сиёсӣ.
-репрессивӣ-саркӯбсозии намоишу эътирозҳои мардумӣ.
-фитнаангезӣ-ба терроризми имрӯза осон аст.
-пешгирикунанда, ки онро хадамоти махсус иҷро мекунад. -ҳарбӣ;
-ҷиноятӣ -ҷинояткорӣ аз зери назорати мақомоти дахлдор берун меояд ба роҳ меандозанд.
Террористон кишварҳои бисёререро ба монанди Сурия, Лубнон, Урдун, Ироқ, Либиё, Судон, Кения ва Афғонистонро борҳо мавриди ҳамлаҳои хунини худ қарор додаанд.
Ифротгароӣ ва ё худ экстремизм падидаи номатлубест, ки ба ҳаракатҳои террористӣ сахт алоқаманд мебошад. ”Экстремизм” аз калимаи лотинӣ гирифта шуда маънояш “майл доштан ва тарафдор будан ба ақидаҳои инфиродии моҷароҷуён” мебошад. Дар сиёсат мафҳуми экстремизм кӯшиши бо усулҳои қатъи бо истифодаи ҳамаи шаклҳои зӯроварӣ ва тарсу таҳлука иҷро намудани амалҷои ғаразнок ва расидан ба ҳадафҳои нопок фаҳмида мешавад.
Мақсади асосии экстремистон ин андохтани кинаву адоват ва низоҳои милливу нажодӣ ва диниву маҳалгароӣ буда, ҳамчунин паст задани эътибори миллӣ ва тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибат ба дин, мансубияти онҳо ба миллат, нажод ва ё маҳал мебошад.
Барои мубориза бар зидди экстремизм Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм” рӯзи 8-уми декабри соли 2003 қабул гардидааст.
Мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистонро лозим аст, ки ба муқобили ин ду зуҳороти номатлуб муборизаи беамон бурда, дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва дифо аз марзу буми аҷдодии хеш собитқадам бошанд.
Алишер Алимзода- муфатиши прокуратураи ноҳияи Ишкошим