• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 15.06.202015.06.2020 by ishkoshim

                                                    Аз девори каҷ ҳазар
Марому мақсади Ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ин пеш аз ҳама таъмини амният, осудагӣ, рушди босуботи ҷомеа мебошад. Таҷрибаи давлатдории навинамон нишонгари он аст,ки ин мақсад фақат тавассути ваҳдату ҳамдилӣ, тарбия ва таълим суръат гирифта, натиҷаи он ташаккули руҳи инсони комилро метавон амалӣ гардонд.
Таърих худ гувоҳ аст, ки миллати тоҷик дар тӯли қарнҳо таърихи хело печида ва пуршебу фарозро тай намудааст. Яъне дар ҳамаи манбаҳои таърихии давлатдории мо тоҷикон фақат ба амну озодӣ, созандагиву бунёдкорӣ ноил гардида, ки ин нишонаи сарбаландӣ ва сарфарозии ҳар як тоҷикзодаро то замони ҳозира нишон медиҳад.
Бояд дарҷ кард, ки аз гузашта то имрӯз халқи тоҷик бо донишу хиради фарзандони нобиғааш дар ҷодаи илм адаб ва сиёсат шуҳрату ифтихор дошта, имрӯз ҳар яки мо дар пайрави ба ҳикмату таърих ва фарҳанги гуманистии ниёгонамон дар ҷомеа кору фаъолият дорем.
Ногуфта намонад, ки халқи баландҳиммати тоҷик дар ҳамаи давраҳои таърихии худ даъвои мулки ҳамсоягонро накардааст ва ба сӯи марзе низ лашкар накашидааст, баръакс халқи шуҳратёри тоҷик аз гузашта то инҷониб бо давлатҳои ҳамсоя ва инчунин кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дӯстона, дипломативу стратегиро роҳандозӣ намуда, худро дар арсаи ҷаҳон муарифӣ намудааст. Дар замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон Тоҷикистон таҳти ҳидояту сисёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дустонаву дипломатӣ бо ҳамсоякишварҳои Осиё густариш ёфт. Дар муддати начандон тулонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон қораи Осиёву Аврупо шуҳрат пайдо намуда, бо зиёди давлатҳои ҷаҳон равобитҳои дустонаву дипломатиро ба роҳ монд.
Аммо аламовар он аст, ки ҳамсоякишвари Қирғизистон худро дар асл ҳамсояи нказдик хондаву дар амал корҳои аз тарафи шаҳрвандони ин кишвар рух медиҳанд, ки касро дар тааҷуб мемонад. Зеро чандин маротиб бародарони қирғизтабор марзу ҳудудро баҳона намуда, баҳсро ба майдони ошӯбу тирпаронӣ мубаддал намуданд. Намояндагони Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон бо мақомотҳои дахлдор оид ба масъалаҳои ба амаломадаи марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон, гуфтушунид намуда, ҷониби Тоҷикистон аз мақомдорони қирғиз талаб намуданд, ки ба ин ҳолатҳо нуқта гузошта шавад. Санаи 24 майи соли равон боз дар деҳаи Пули Офтобрӯяи Ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара ва аз тарафи чӯпонони деҳи Чичилики Ҷумҳурии Қирғизистон муноқиша рух дод, ки онҳо созишномаҳо дуҷонибаро сарфи назар намуда, вориди деҳаи Пули Офтобрӯя гардиданд. Ин амали онҳо иғвоангезона буда, мақсадашон боз ноором намудани вазъият дар хати сарҳад аст. Тирпарониҳои беасоси сарҳадбонони қирғиз худ як омили ноором сохтани вазъият дар сарҳад мебошад. Саволе ба миён меояд, ки чаро боз ба замми беэътиноӣ ба ҷойи ҳодиса қувваҳои иловагии сарҳадбонони қирғиз сафарбар гардиданд.
Мақомдорони баландпояи қирғиз боре ҳам андеша надоранд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатест, ки ҳеҷ гоҳ ба амалҳои номатлубашон тариқи силоҳу қувваи ҳарбӣ вокуниш нишон надод. Зеро ҳукматдорони Тоҷикистон ҳамаи баҳсро тариқи гуфтушунид бо истифода аз ақлу хирад ва таҷрибаи давлатдорӣ бо роҳи мусоҳила ҳаллу фасл намуданд. Имрӯз ин амалҳои ҳамсоя давлатро дида, хулоса намудам, ки дар рух додани ин ҳолатҳо Ҳукуматдорони Қирғизистон бетараф нестанд. Масалеро дарҷ намудан ба маврид аст, “ Аз девори каҷ ҳазар”. Зеро ҳар қадаре, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон худро зоҳиран ба мо дӯсти наздик нишон диҳанд ҳам ботинан аз ғарази нопоке холӣ нест.
Сармутахасиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ишкошим:
Хонҷонова Дилафрӯз

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (795)
  • Эълонҳо (1)
Июн 2020
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Май   Июл »
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 89
  • 14 164
  • 530 929
  • 99 796
  • 21
  • 822
  • 0
  • 30.04.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet