Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии сироятёфтагони бемории сироятии COVID-19 ва табибоне, ки ба онҳо хизматрасонӣ намуда истодаанд санаи 17 майи соли равон ба ноҳияи Ишкошим корвони пурбори кӯмак ворид гардид.
Нахуст шуда, дар даромадгоҳи ноҳия ин корвони ин туҳфаи умедбахшро раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳамуҳаммад ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Некбахтшоев Наим, инчунин раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замир Қурбоншоев Мирзоалӣ ва фаъолону собиқадорони ноҳия бо як ҷаҳон шодиву миннатдорӣ қабул намуданд. Аҳолии ноҳияи Ишкошим бахусус кормандони соҳаи тиб ва бемороне, ки алҳол дар ин беморхонаҳо бо хулосаҳои тиббии илтиҳоби шуш бистарӣ гардидаанд аз ин иқдоми инсондӯстонаву ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ намуда, руҳу илҳоми тоза гирифтанд ҳамзамон кормандонии соҳаи тандурустии ноҳия ба Пешвои миллат ҷиҳати дастгириву ғамхории ҳамешагӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, изҳор доштанд, ки ҳамеша баҳри хизмат ба халқу Ватан омодаем.