Пайёми табрикотии
раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад бахшида ба Рӯзи ҷавонон
Ҷавонони азиз!
Дар ин рӯзи барои ҳар яки шумо ҳуҷаста мехоҳам табрикоту таманниёти самимӣ ва бепоёнамро, иброз намуда, хоҳони тансиҳатӣ ва рӯзгори ободи ҳар яки шумоям. Ҷавонон дар сиёсати имрӯзаи Ҳукумати кишвар мавқеи калидӣ ва ҳалкунанда дошта, 70 фисади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, яъне метавон гуфт, ки ҷомеаи кунунӣ ҷомеаи ҷавонон аст.Ҷавонон низ дар навбати худ муаррифгари халқу кишвар буда, дар зарфи 29 соли соҳибистиқлолии мамлакатамон барои пешрафт ва ободии он саҳми босазо гузошта истодаанд.
Ҷавонони ноҳияи Ишкошим низ, ки зодаи даврони истиқлол буда, имрӯз теъдодашон ба 10236 нафар мерасад, дар рушду пешрафти ноҳияамон нақши босазо гузошта, дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодии он бомаром кору фаъолият намуда истодаанд. Имрӯз дар соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла дар соҳаи маорифи ноҳия 80 фоиз, дар соҳаи тандурустӣ 75 фоиз, дар соҳаи фарҳанг 70 фоиз, дар идораву муассисаҳои ноҳия 60 фисад ва дар дигар соҳаҳо 60 фисад ҷавонон кору фаъолият менамоянд, ки раванди фаъолияти онҳо дар самтҳои бунёдкориву созандагии ноҳия баръало ҳис карда мешавад. Мақсад он аст, ки ҳанӯз аз оғози марҳилаҳои соҳибистиқлолӣ вобаста ба самти ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус равона гардида буд.
Давраи кунунӣ, ки як давраи хатарзо барои саломатии аҳли башар аст ва бемории сироятии коронавирус имрӯзҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аз ҷумла ба ҷомеаи Тоҷикистони азиз таҳдид намуда истодааст, ин вабои аср аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонони моро бетараф нагузошт. Агар бигӯем, ки имрӯзҳо ҷавонони боору номус ва ватанпарвари ноҳияи Ишкошим дар сафҳои пеши мубориза бар зидди ин бемории мудҳиш қарор доранд, хато намекунем, зеро аз нахустин рӯзҳои гирифторшавии одамон ба ин беморӣ ҷавонон дар тамоми маҳалҳои аҳолинишини ҷамоатҳои деҳоти ноҳия муташаккилона аз корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии беморӣ сар карда, то ба безарар намудани автомашинаҳое, ки ҳамарӯза аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба ноҳия ворид мегарданд, корҳои ифтихориро роҳандозӣ намуда истодаанд. Мавриди зикр аст, ки қисмати зиёди кормандони соҳаи тибби ноҳияро, ки имрӯз ҷавонон ташкил медиҳанд, дар ин рӯзҳои душвор шабонарӯз дар хизмати мардум қарор дошта, бо ин вабои аср мубориза мебаранд. Дар ин росто сидқан сипоси худро ба ҳамаи онҳо баён намуда, бовар дорам, ки бо заҳмату кӯшишҳои шабонарӯзиашон муваффақ ба он хоҳанд гашт, ки саломатии мардумро, ки як неъмати бебаҳост, дар рӯзҳои наздиктарин барқарор намуда, комёб ба он хоҳанд гашт, ки мардум ба идомаи рӯзгори муқарарии худ баргардад.
Ҷавонони азиз!
Қайд намудан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки “Ватандорӣ бахти бузург аст, вале ба қадри истиқлолияти миллӣ ва давлати соҳибихтиёр расида тавонистан аз ҳама болотар мебошад. Зеро соҳибватан будан, тақдири фарзандон, тақдири миллат, забон ва иқтисоду фарҳанги хешро дар даст доштан на ба ҳар як халқу миллат муяссар мегардад”.
Аз ин рӯ, мо низ бояд ба қадри суханони волои Пешвои миллат, сарвари ҳушёру бедори халқи тоҷик, ки ҳамарӯза моро ба муттаҳидию ҳамбастагӣ, ҳамдилию ҳамнавоӣ, ҳамсадоиву ҳамраъйӣ даъват менамояд, бирасем ва ҳама вақт дар ободию созандагӣ ва рушду нумӯи кишвари соҳибистиқлоламон саҳмгузор бошем.
Итминони комил дорам, ки минбаъд низ ҷавонони ноҳия дар рушд ва пешрафти ноҳия минҷумла корҳои ободонӣ ва созандагӣ нақши муассир гузошта,мо якҷоя ҷашни пурифтихори милламон 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланд таҷлил менамоем.
Бори дигар якояки ҷавононро таҳният гуфта, бароятон саломатии бардавом ва дар кору фаъолиятҳои ҳаррӯзаатон бурдбориҳоро хоҳонам.
Хонаободу пирӯз бошед!