Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии сироятёфтагони бемории сироятии COVID-19 ва табибоне, ки ба онҳо хизматрасонӣ намуда истодаанд санаи 13 майи соли равон ба миқдори муайян маводҳои асосӣ аз ҷумла воситаҳои муҳофизатии фардӣ ва маводҳои асосии ғизоӣ минҷумла орд, равған, шакар, биринҷ, макарон, пиёз, сабзӣ, картошка инчунин миқдори муайяни доруворӣ ба Беморхонаи маркази ноҳияи Ишкошим ворид гардид. Аҳолии ноҳияи Ишкошим бахусус кормандони соҳаи тиб ва бемороне, ки имрӯз дар ин беморхона бо хулосаҳои тиббии илтиҳоби шуш бистарӣ гардидаанд аз ин иқдоми инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ намуда, руҳу илҳоми тоза гирифтанд ва ба Пешвои миллат ҷиҳати дастгириву ғамхории ҳамешагӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Posted on by ishkoshim