Бо мақсади пешгирии бемории сироятии COVID-19 дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим суратҳисоби махсус кушода шуд.
Раисони ҷамоатҳои деҳот, сардорони идораву муассисаҳо ташкилоту корхонаҳои ноҳия ва алоҳида шахсони саховатманду хайрхоҳ бо ба инобат гирифтани вазъияти баамаломада дар ҷаҳон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи шароиту имкониятҳо метавонанд ба суратҳисоби махсус маблағ гузаронанд.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки раиси ноҳия Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад нахустин шуда як маоши вазифавӣ, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Некбахтшоев Наим, муовини якуми раиси ноҳия Некқадамзода Илол ва муовини раиси ноҳия Холдорзода Ашам ними маоши вазифавиашонро ба суратҳисоби махсус гузарониданд.
Ба иттилои ҳамагон расонида мешавад, ки суратҳисоби мазкур таҳти назорати доимии раиси ноҳия қарор дошта, аз воридшавии маблағ ва хароҷоти он дар гуруҳи фейсбуки ва сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим(www.ishkoshim.tj) инъикос мегардад.
Суратҳисоби муросилотӣ
Пешниҳодкунанда:
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим
Суроға: ноҳияи Ишкошим
РМА – 740000036
Суратҳисоб: 20204972322046000317
Киб: 350101800
Ҳисоб: 22402972000002
Бонки қабулкунанда:СХМВМ – Ҷумҳурии Тоҷикистон