Муроҷиатномаи
раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад ба сокинони ноҳия вобаста ба пешгирии бемории сироятии
“COVID-19”
Ҳамдиёрони азиз!
Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо бемории вируси COVID-19, ки онро коронавирус ҳам меноманд, дар саросари ҷаҳон аз он ҷумла, дар Ватани мо Тоҷикистони азиз, ки қисмати ҷудонашавандаи Ҷаҳон аст, як бурҳони вазнинро ба вуҷуд овардааст. Ин беморӣ таъсири манфии худро ба тамоми аҳолии курраи Замин, аз он ҷумла ба зиндагии ҳаррӯзаи шаҳрвандони мамлакати мо ҳам мерасонад.
Ҳукумати мамлакат дар роҳи пешгирии бемории каронавирус чораҳои зиёдеро рӯй даст гирифта, ба карантин фаро гирифтани қариб 8000 нафар шаҳрвандони дохиливу хориҷӣ, манфӣ баромадани ташхисҳои қисмати зиёде аз шаҳрвандони мамлакат, ки дар карантин фаро гирифта шуда буданд ва таъмин намудани муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо асбобу анҷоми ёрии аввалин ва ҳамчунини ба таътили муваққатӣ ҷалб намудани хонандагони муассисаҳои мактабӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар чорабиниҳое буданд, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бехатарии шаҳрвандони худ роҳандозӣ намуда истодаанд.
Бо таваҷҷуҳ ба шароити ба амал омада дар кишварамон, ки ба ҳаёти сокинони ноҳияи Ишкошим низ таъсироти худро мерасонад, роҳбарияти Мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ба тамоми сокинони шарафманди ноҳия муроҷиат намуда, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҳеҷ гоҳ ба овозаҳои гуногуне, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз гурӯҳҳои манфиаталаб ба вуҷуд меоянд, гӯш фаро нахонанд ва фирефтаи дассисаҳову овозаҳои беасос нагарданд.
Дар иртибот ба ин масъала аз тамоми сокинони ноҳия хоҳиш менамояд, ки чораҳо ва тавсияҳое, ки Ситоди ноҳиявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ва муассисаҳои тандурустӣ ба аҳолӣ тавсия медиҳанд риояи меъёрҳои бехатарии гигиенӣ ва риояи ҳатмии фосилаи ҷисмониро бо таври қатъӣ риоя намоянд.Ҳамчунин ба ба саҳми тамоми сокинони ноҳия мерасонам, ки бемории вируси COVID-19 сирояткунанда буда, дар ҳолати рӯбарӯ шудани шаҳрвандон ба он тамоми чораҳои имконпазирро бари ҳифзи саломатӣ, бехатарӣ ва беҳбудии худ ва аҳли оилаи худ андешида, масъулияти пурраро ба дӯш дошта бошем.
Инчунин аз зодагони ноҳия, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ ва ё дигар шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба зодгоҳашон бармегарданд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки дар сурати бозгаштанашон ба ноҳия ба таври ҳатмӣ дастур ва тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро оид ба пешгирӣ ва паҳншавии коронавирусро риоя намуда, дар сурати тавсияи карантин онро ба таври ҳатмӣ риоя намоянд.
Ба тамоми сокинони шарафманди ноҳия, алалхусус ба соҳибкорони хурду миёна муроҷиат менамоям, ки ба таври сунъӣ боло бурдани нархи молҳои истеъмолӣ ва хӯрокворӣ худдорӣ намоянд ва ба ин васила дар пешрафти ҳаёти ҳамдиёрон ва пайвандони худ саҳм гузорем.
Ҳамзамон муроҷиат менамоям, ки тамоми сокинони ноҳия ки вобаста ба буҳрони ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти тамоми мамлакатҳо таъсироти манфӣ ворид намудааст бояд, дар мавсими кишти баҳории имсола тамоми заминҳои киштшаванда пурра кишт карда шаванд. Миқдори заминҳои дар гузашта аз ҳисоби гардиши кишоварзӣ баровардашуда ҳам ба қатори заминҳои киштшаванда дохил карда шаванд. Аз ин рӯ аз тамоми сокинони ноҳия хоҳиш карда менамоям, ки тамоми заминҳои дар ихтиёрдоштаашонро пурра кишт намуда, дар таъмин аҳли хонаводаҳояшон ва дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми босазои худро гузоранд.
Бори дигар ба ақлу хиради аҳли зиё ва таҷрибаи ғании волидайни наҷибамон такя намуда, аз тамоми бародарону хоҳарони азизамон даъват ба амал меорам, ки дар ин рӯзҳои андаке мушкил, вале гузаранда бо ахлоқи неки инсониамон, бо лутфу меҳрубонӣ бо ҳамдигар дар канори ҳам бошем. Ин давраи бурҳонзо ба зудӣ сипарӣ мегардад ва мо метавонем боз давраи созандагии ояндаамонро аз нуқтаи назари тавоноӣ ва ақлу хиради азалии мардумамон тарҳрезӣ намоем.
Ба ҳамаи Шумо ҳамдиёрон сиҳатмандии ҷовидонӣ, саодати рӯзгор ва хонаободиро хоҳонам!