• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 30.04.2020 by ishkoshim

Мо сокинони деҳаи Қасамдараи ноҳияи Файзобод дар ин рӯзҳои мушкил, ки аксарияти кишварҳои ҷаҳонро офати коронавирус фаро гирифтааст ва Тоҷикистон

 

низ чун як ҷузъи тақсимнашавандаи ҷомеаи умумибашарӣ зиёну таҳдидҳои онро эҳсос мекунад, талошу дастгириҳои Ҳукумати кишварамонро барои пешгирии ин хатар ба хубӣ эҳсос мекунем. Хушбахтона, аз тарафи сохторҳои давлатӣ тамоми чораҳо барои пешгирии ин беморӣ ва ҳифзи саломатии мардум андешида мешаванд. Касе аз камбудии хӯрока ва маводи дигари барои зиндагӣ зарур танқисӣ намекашад. Масъулон одамонро огоҳ менамоянд, корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд, тадбирҳои заруриро барои таъмин кардани аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва гигиенӣ амалӣ месозанд. Аз ҳама асосаш, тамоми мардуми ҷумҳурӣ дар пешорӯи ин офат якдилу якмаром гашта, итминон доранд, ки боз як имтиҳони мушкили зиндагиро китф ба китф паси сар хоҳанд кард. Аз ҷумла, мардуми деҳаи мо сад шукр, ки сиҳату саломатанд, дар атрофи сиёсати созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ муттаҳиданд ва дар ин айёми кишту кори баҳорӣ, ҳама барои таъмини рӯзгори худ ва ғанӣ гардонидани бозорҳои кишвар бо маҳсулоти ниёзи мардум софдилона меҳнат мекунанд.
Аммо ҷойи шарму таассуфи мост, ки ту Муҳиддин Кабирӣ, ҳеҷ аз иқдомҳои зиддимардумии ва зидимиллии худ даст намекашӣ. Вақте ба воситаи сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи вазъияти Тоҷикистон ҳар гуна хабарҳои дурӯғ, туҳматнома ва буҳтонҳоро паҳн мекунӣ, ростӣ зери хиҷолат мемонем, ки дар деҳаи мо зода шудаӣ. На ба ободкорӣ, балки бо харобсозӣ Қасамдараро ангуштнамои мардуми ҷумҳурӣ кардаӣ.
Имрӯз аз пулҳои барои хиёнаткорӣ бар зидди Ватан ёфтаат зиндагии аҳлу айёлатро пеш мебарию аз Тоҷикистон мегӯӣ, ки барои мубориза бо коронавирус омода нест. Магар ту набудӣ, ки ғайриқонунӣ, бо маблағи ночизе бинои беморхонаи сироятиро дар ноҳияи Рӯдакӣ моли худ карда, бо қимати садҳо маротиба зиёд фурӯхтӣ? Ин бино агар имрӯз мебуд, садҳо, ҳазорҳо дардмандон он ҷо наҷоти худро пайдо мекарданд.
Ҳамаи Тоҷикистон медонад, ки аз фурӯши бозори Турсунзода чанд миллион сомонӣ даромад кардӣ. Туе ки имрӯз бо ҳавои даҳан аз худ ҳомии миллат тарошиданӣ мешавӣ, чӣ хизмате барои ин мардум кардаӣ? Ақаллан барои сокинони деҳа, ақаллан, маҳале, ки хуни нофат он ҷо рехтааст, кадом кори савоберо, кадом ободиеро кардӣ? Магар ҷӯйборе сохтӣ? Синфхонаеро таъмир кардӣ? Нуқтаи тиббие бунёд кардӣ? Сангеро болои санге гузоштӣ? Ҳаргиз не!
Ту агар дар хунат заррае мардигарӣ медоштӣ, агар аз хавфи коронавирус нисбати ҳамдиёрон агар заррае дилат месӯхт, барои хешу табор, аҳли диёрат чанд ниқоби тиббӣ, миқдоре доруворӣ харидорию ирсол мекардӣ!
Мард онҳое мебошанд, ки дар мушкилӣ дасти миллату Ватани худро мегиранд. Мисли соҳибкори узбектабори Россия, ки барои пешгирии паҳншавии вирус дар Ватани аҷдодиаш – Узбекистон 20 миллион доллари ИМА ёрӣ дод. Аз ту магар метавон сад доллареро интизор шуд? Ҳаргиз не! Мо фаромӯш накардаем, ки ту барои харҷ накардани 200 доллари ИМА, аз Маскав ба ҷанозаи модарат наомадӣ! Магар метавон аз чунин шахс ҳимматеро мунтазир шуд?
Гуноҳу ҷинояткориҳои пештараат ҳамчун саркардаи наҳзати террористӣ бас набуд, ки боз иғвогарию расвоиатро давом медиҳӣ? Гумон мекунӣ мардум фаромӯш кардааст, ки соли 2015 ба Ҳоҷӣ Ҳалим як миллиону ду сад ҳазор доллари ИМА дода, ҷониби мудҳиштарин ҷинояту хиёнат бар зидди Ватану миллат, табаддулоти ҳарбӣ ва талоши ғасби ҳокимият равонааш кардӣ. Хуни чандин бегуноҳро рехтӣ. Хайрият, ки ба мақсади шумат нарасидӣ. Зеро бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад. Ба ҳамин пул дар зодгоҳат ободии зиёде кардан мумкин буд ва он гоҳ фахри деҳаву ҳар як ҳамдиёр мегаштӣ.
Аммо ягон ободкорие накардӣ. Имрӯз ҳам як тин ба касе намедиҳӣ. Ҳатто ба онҳое, ки дар паҳлуят қарор доранд. Ин бечораҳои фиребхӯрда ҳам намедонанд, ки пеши ту абзоре барои фиреби назари хоҷагони хориҷӣ ва рӯёндани пули онҳо барои худу аҳли оилаат ҳастӣ! Рӯзе онҳоро ҳам мефурӯшӣ! Мисли он ҳамдастони собиқат, ки имрӯз дар маҳбас қарор доранд ва азоби ҷинояту хиёнатҳои туро мекашанд!
Ҳама медонанд, ки саховатпешагию ҷавонмардӣ ва раҳму шафқат дар вуҷудат набуду нест. Фақат дар ғами ҷони худу фоидаи худат ҳастӣ. Пас, беҳтар нест, ки хомӯш бошӣ? Бе ин ҳам зарарат ба тамоми диёр, шурӯъ аз деҳа то ҷумҳурӣ расид. Ақаллан, шарм кун! Беҳаёӣ ҳам сарҳад дорад!
Дониста бош, ки минбаъд мардуми деҳа дигар тоқати амалҳои касифонаи туро надорад. Иғвогариҳо, дурӯғпароканиҳо, туҳматҳоят дигар беҷавоб намемонанд. Сокинони деҳа фош кардани макру ҳиллаҳо ва кирдори зиддимардумиатро барои худ қарзи виҷдонӣ ва имонӣ меҳисобанд. Ту на ҳомии дин ҳастию на ғамхори мардум. Барои ту фақат манфиати пулию молиат зарур асту халос. Дар ҳамин рӯзҳои мушкил ҳам тамоми амалҳоят ба хотири манфиати худат анҷом дода мешаванд.
Аз ин рӯ, мо сокинони деҳа, қотеъона, аз ту бас кардани ин ҳама дуруғгӯию русиёҳӣ, риёкорию иғвогариҳои ҷинояткоронаатро, ки бар зидди миллати тоҷик анҷом медиҳӣ, талаб мекунем!

Сокинони деҳаи Қасамдараи ноҳияи Файзобод:

На изображении может находиться: текст

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (795)
  • Эълонҳо (1)
Апрел 2020
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Мар   Май »
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930  

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 26
  • 13 607
  • 530 372
  • 99 733
  • 13
  • 822
  • 0
  • 30.04.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet