Ҳамасола тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 то 9 апрел дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фестивали “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор мегардад.
Соли равон фестивали мазкур дар муассисаҳои китобхонавии ноҳияи Ишкошим таҳти унвони “Тараннумгари сухан” доир гардид. Иштирокчиён аз рӯи 8 шарт донишу малакаи худро ба ҳайати ҳакамон муаррифӣ намуданд.
Дар шарти хонандаи фаъоли китобхона хонандаи синфи 9 –и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 21 Амоншоева Карима
Дар шарти иншои беҳтарин хонандаи синфи 8 –и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 20 Назарова Меҳрангез
Дар шарти қироати шеър хонандаи синфи 3 –и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 21 Раҳматуллобеков Толиб
Дар шарти навқаламон хонандаи синфи 9 –и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 21Давлатқадамова Наврӯза
Дар шарти хабарнигорӣ хонандаи синфи 7 –и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18 Одинамуҳаммадова Гулчеҳра
Дар шарти рассомони ҷавон хонандаи синфи 7 –и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 20 Наимхонова Динора
Дар шарти ровиён хонандаи синфи 8 –и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 44 Мирзоева Назарбахт сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Ҳамзамон аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия ғолибон бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамчунин иштирокчиёни фаъоли фестивал тарафи маъмурияти китобхонаи марказӣ китобҳои тозанашр тақдим гардид.