• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 14.04.202015.04.2020 by ishkoshim

Ишкошим: даври аввали Фестивал-озмуни ансамблҳои тарона ва рақси «Таронаи ваҳдат» ҷамъбаст гардид
Апрель 13, 2020 10:03

Дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври аввали Фестивал-озмуни ансамблҳои тарона ва рақс таҳти унвони «Таронаи ваҳдат» дар сатҳи баланд баргузор ва ҷамъбаст гардид.
Иштирокдорони озмун зимни сароидани сурудҳо дар васфи Ватан, модар, Истиқлолият, ишқу муҳаббат ва пешниҳоди рақсҳои ҷолиб маҳорати волои хешро намоиш доданд. Тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон, фестивал – озмуни мазкур дар ноҳия як зумра чеҳраҳои нави саҳнавӣ дарёфт намуд.
Дар даври аввали Фестивал-озмуни ансамблҳои тарона ва рақс таҳти унвони «Таронаи ваҳдат» Рашоди Сарфароз ва Гулбегими Саломатшо аз Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров, Сайёди Саломатшо ва Нигораи Сафар аз Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ, Амина Шарипова ва Гулзода Бандашоева аз Ҷамоати деҳоти Шитхаврв, Меҳрубони Марҳамбек ва Ромиши Қубодбек аз Ҷамоати деҳоти Птуп, Сироҷиддини Мамадазиз, Карашма Султонмамадова, Давлатмамад Вазирбеков, Маҳҷабини Саидқосим аз Ҷамоати деҳоти Зонг ва Аҳком Рашидбеков аз Ҷамоати деҳоти Вранг ғолиб дониста шуданд.
Дар хатми Фестивал-озмуни ансамблҳои тарона ва рақс намоиши либосҳои миллии дастаи ҳаваскорони деҳаи Вранг пешниҳоди ҳайати ҳакамон гардид.

Ёдовар мешавем, ки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019 «Дар бораи ҷашн гирифтани 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ» таҳти унвони «Таронаи ваҳдат» баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ансамблҳои тарона ва рақсро ба роҳ мондааст.
Тавре сармутахассиси Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Иброҳимзода иттилоъ дод, баҳри сазовор ҷашн гирифтани 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ соли 2020 дар мамлакат Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ансамблҳои тарона ва рақс таҳти унвони «Таронаи ваҳдат» дар ду давр баргузор карда мешавад.
Вазорати фарҳанг барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни мазкур ва Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ансамблҳои тарона ва рақс даври якуми онро моҳҳои март- май дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир менамояд. Даври дуюми он моҳи июни соли 2020 дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Панҷакент баргузор мешавад.
Мавриди зикр аст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2001 ёдгории Саразм ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон «Мамнуъгоҳи таърихиву бостонии Саразм» эълон гардид. 31 июли соли 2010 ёдгории Саразм дар сессияи 34-уми ЮНЕСКО, ки дар Бразилия баргузор гардид, ба феҳристи «Мероси фарҳанги умумибашарӣ» шомил шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2018 дар мулоқоти худ бо аҳли зиёи мамлакат дар шаҳри Душанбе бо дарназардошти аҳамияти шаҳри қадимаи Саразм пешниҳод намуданд, ки соли 2020 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад.

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (795)
  • Эълонҳо (1)
Апрел 2020
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Мар   Май »
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930  

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 21
  • 13 602
  • 530 367
  • 99 728
  • 30
  • 822
  • 0
  • 30.04.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet