Бо дастгирии Фонди Оғохон ва мусоидати раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Файзов Ёдгор Доёрович ба ноҳияи Ишкошим ба ҳисоби 20 тонна тухмии картошкаи навъи “Бигроза” ворид гардид, ки макони навъи ин тухмии картошка Ҷумҳурии Олмон мебошад. Кишти картошкаи мазкур дар пойгоҳи тадқиқотии Институти биологии Помири Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар деҳаи Дашти Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков дар масоҳати 5 гектар кишт карда мешавад.
Мақсади асосии кишти тухмии картошкаи навъи “Бигроза”ин истеҳсол ва зиёд намудани тухмии картошка буда, инчунин дастрас намудани он ба хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ноҳия ва берун аз он мебошад.