Ҷиҳати иҷрои бандҳои 3 ва 4- и ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, № АП – 1140 ва аз 27 январи соли 2020, № АП -1332 тасдиқ шудааст санаи 23юми марти соли 2020 дар маркази ноҳияи Ишкошим фестивали ҷумҳуриявии “Чакомаи гесу” баргузор гардид.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки фестивали мазкур дар таърихи 30.03.2020 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир гардид. Дар фестивали даври вилояти аз ноҳияи Ишкошим 13 нафар ғолибони фестивали даври ноҳиявӣ ширкат варзиданд.
Мақсади асосии баргузории фестивали мазкур намоиши парвариши мӯй, ороиши пардози рӯй, ҳаракати мавзун, тарбияи муоширати духтарон, тарғибу ташвиқ ва эҳёи анъанаҳову маросимҳои миллӣ, аз қабили саршӯёну мӯйбофон, зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва ба ин васила рӯи кор овардани корхонаҳои хурди истеҳсолии шонасозиву оинасозӣ, сурмапазиву омодасозии қаламҳои ороишӣ ва кошонаҳои ҳусни машшотагӣ ва ҷалби сокинон бо шуғлу касбомӯзӣ мебошад.
Бояд қайд намуд, ки баргузории фестивали мазкур имконият медиҳад, ки паҳлуҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани парваришу ороиши мӯй,ҳунари волои машшотагӣ муаррифӣ гардад.