Баробари фаро расидани фасли баҳор дар Шуъбаи вазорати корҳои дохилии ноҳияи Ишкошим бо роҳбарии сардори шуъба подполковники милитсия Ҳайдарзода Шералӣ ва ҳайати шахсӣ корҳои кабудизоркунии атрофи Шуъбаи вазорати корҳои дохилии ноҳия оғоз гардид. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки аз соли 2019 бинои асосии шуъба вобаста ба талаботи сохмонӣ таъмир гардида, қисми зиёди корҳо қариб ба анҷом расонида шудаанд, инчунин корҳои сафолапӯш намудани роҳравҳои назди шуъба айни замон идома дорад.
Posted on by ishkoshim