Баргузории “Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ” бахшида ба таҷлили иди байналмилалии Наврӯз
Бахшида ба таҷлили иди байналмилалии Наврӯз дар маркази ноҳияи Ишкошим санаи 14.03.2020 “Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ” доир гардид. Дар чорабинии мазкур сокинони ноҳия синну солашон гуногун иштирок намуданд. Дар оғози чорабинӣ Суруди миллӣ аз ҷониби иштирокдорон бо таври зинда хонда шуд. Чорабиниро муовини якуми раиси ноҳияи Ишкошим Некқадамзода Илол ифтитоҳ намуд. Дар “Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ” дав байни мардон ва бонувон доир гардид. Дар марафони велосипедронӣ наврасон ширкат варзиданд. Ғолибон бо мукофотҳо қадрдонӣ гардиданд.