Санаи 10 уми марти соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим иҷлосияи якум(даъвати шашум) –и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошим баргузор гардид.Дар кори иҷлосия мудирони шуъбаҳо, бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроия, роҳбарони идораву муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ,сохторҳои низомӣ, ки вакил нестанд, даъват шуданд.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки дар кори Иҷлосияи якум(даъвати шашум) –и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошим муҳтарам Носирзода Умедҷон – муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок намуданд. Ба муҳокимаи иҷлосияи якум(даъвати шашум) –и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошим масъалаҳои зерин гузошта шуданд:
1. Ахбороти раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба натиҷаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошим;
2. Дар бораи тасдиқ намудани ваколати вакилии вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошим;
3. Интихоби раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошим;
4. Таъсиси комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошим;
5. Интихоби ҳайати комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошим;
6. Тасдиқи Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошим;
7. Тасдиқи дастури комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошим;
8. Ҳисоботи раиси ноҳияи Ишкошим “Дар бораи иҷрои нақша ва барномаҳои тараққиёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳолати хоҷагидорӣ, истифода ва идораи иншоотҳои моликияти комуналлии ноҳия дар соли 2019 ;
9. Дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои раиси ноҳия, ки байни иҷлосияҳои бисту якум (даъвати панҷум) ва якуми (даъвати шашум) –и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошим қабул шудаанд;
10. Тасдиқ намудани қарорҳои раиси ноҳия, ки байни иҷлосияҳои бисту якум (даъвати панҷум) ва якуми (даъвати шашум) –и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошим қабул шудаанд.
Дар охири кори иҷлосия муҳтарам Носирзода Умедҷон – муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон роҷеъ ба масалаҳои рушди соҳаи кишоварзӣ, пешгирӣ аз паҳншавии вируси тоҷдор (коронавирус) суханронӣ намуданд.