Дар таърихи 6 уми марти соли 2020 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим бахшида ба таҷлили Рӯзи модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Зимни баргузории маҷлиси тантанавӣ аз тарафи ҳозирини ҷамъомад суруди миллӣ бо таври зинда хонда шуд.
Ҳамзамон раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад ҳамаи модарону бонувони ноҳияро ба ин рӯзи пурифтихор таҳният намуд. Дар рафти баргузории ҷамъомад тарбиятгирандагони ширхоргоҳҳои рақами 1 ва 6 –и маркази ноҳия дар васфи Зан – модар порчаҳои шеъриро қироат намуданд.
Инчунин барои фаъолияти пурсамари меҳнатӣ якқатор бонувони фаъоли ноҳия бо ифтихорномаи раиси ноҳия сарфароз гардонида шуданд ва 10 нафар бонувони собиқадори меҳнати ноҳия аз ҷониби раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад бо мукофоти маблағӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Бонувони яккаву танҳо, ниёзманд ва барҷомондаи ноҳия пайваста таҳти ғамхории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим қарор дошта, дар ҳамин рӯз аз ҷониби раиси ноҳия ба онҳо кӯмаки яквақтаи маблағӣ расонида шуд.