Файзу баракати соҳибистиқлолии кишвари азизамон аст, имрӯз Тоҷикистон дар дунё ҳамчун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст.Таҷрибаи сулҳи тоҷикон – манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки ин ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст.
Маҳз бо кӯшиш ва ҷасорати бемислу монанди фарзанди барӯманди миллат Сарвари давлати ҷавону тозаистиқлол, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар муддати начандон тӯлонӣ кишвари мо дар миқёси ҷаҳон маъруф ва шинохта гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар масъалаҳои глобалӣ низ бетафовут набуда оид ба масъалаҳои глобалии ҷаҳони муосир дошта чандин маротиб аз минбари баланди Созмони Миллали Мутаҳид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Тайи 29-соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони азиз дар самтҳои иҷтимоиву иқтисодӣ бо маром рушд намуд. Бо ин тавсеа метавон қайд намуд, ки Паёми ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муждае аз вусъати ободию шукуфоии кишвар мебошад.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои минбаъда муайян намуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошт.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки ҳадафҳои сратегии кишвар дар ҳоли амалишавӣ қарор дошта, ҳадафи чаҳорум яъне аз кишвари аграрӣ ба кишвари индустриалӣ мубаддал кардани Тоҷикистон бо назардошти афзоиши саноат ҷиҳати ҳали масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад.
Воқеан Паём умеди нек ба сӯи фардо буда, ноҳияи Ишкошим низ аз Паём файзу накҳати тоза гирифта, дар самти иқтисодӣ ва иҷтимоии он дастовардҳои зиёде ба назар мерасанд. Лозим ба зикр аст, ки дар ноҳия ва ҷамоатҳои деҳоти он шумораи иншооти гуногуни сохтмонӣ идома ёфта, дар тарҳ ва симои ноҳия ҳусн зам намудааст.
Дар ин росто метавон қайд намуд, ки мардуми шарафманду меҳнатқарини ноҳия бо бардошт аз Паём дар ҷодаи ободкорӣ қадамҳои устувор гузошта, инчунин эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ”ро бо дастовардҳои арзанда ҷамъбаст хоҳанд намуд. Ҳамзамон баҳри истиқбол аз ҷашни боифтихори миллиамон 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҷамъонаву аҳлона дар бунёду шукуфоии ноҳия саҳми назаррас гузоштанро мақсади хеш медонанд.
Мутахассиси
шубаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи
дастгоҳи раиси ноҳия Ҷумахонова Ҳумайро