Санаи 20 уми декабри соли 2019 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим Иҷлосияи 21 ум, даъвати панҷуми маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид. Дар кори иҷлосия муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Носирзода Умедҷон иштирок намуданд. Пеш аз оғози кори иҷлосия Суруди миллӣ аз ҷониби кулли иштирокчиён бо таври зинда хонда шуд. Рӯзномаи иҷлосия чор масъаларо дар бар гирифта, аз рӯи масъалаи якум сардори Раёсати молия Искандархонов Мамадалихон оид ба пешниҳоди лоҳиаи буҷети ноҳия барои соли 2020 маърӯза намуд. Вобаста ба тасдиқи лоҳиаи буҷети маҳаллии ноҳияи Ишкошим раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони ноҳия оид ба буҷет, молия ва андоз Байрамбеков Давлатхон баромад намуда, нишонидиҳандаҳои лоҳиаи буҷети маҳаллии ноҳия барои соли 2020 аз рӯйи даромад, хароҷот буҷети худии ноҳия, буҷети ҷамоатҳои деҳот, тақсимоти семоҳаи даромадҳои буҷетии маҳаллии ноҳия, фонди музди маоши кормандони идораву муассисаҳоро баррасӣ намуданд.
Аз рӯи масъалаи дуюм сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия Қурбоналиев Низомиддин вобаста ба рафти иҷрои таклифу пешниҳодҳои вакилони халқ, ки дар иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баён гардидаанд, баромад намуд.
Оид ба масъалаи сеюм мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия Асанов Солеҳҷон дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои раиси ноҳия вобаста ба таъғиротҳои кадрӣ дар воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ахборот дод.
Инчунин роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Азизхонов Мамадсахӣ дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои раиси ноҳия, ки дар байни иҷлосияҳои 19 ум, 20 ум ва 21 уми даъвати панҷуми маҷлиси вакилони халқи ноҳия қабул гардидаанд ахборот дод.