Дар таърихи 22 ноябри соли 2019 дар маркази ноҳияи Ишкошим чорабинии ботантана ва бошукуҳ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар баргузории чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад суханронӣ намуда, кулли сокинони ноҳияи Ишкошимро ба ин санаи муҳим ва дар таърихи давлатдории навинамон нақши муассир гузоштаро таҳният гуфта, ҳамзамон дар суханрониашон қайд науданд, ки Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мақому манзалати хоса дошта, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин суннати аҷдодӣ таърихи беш аз 4000-сола дорад. Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, баёнгари иттиҳоду ҳамбастагӣ, нангу номус, худшиносиву меҳанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми бо фарҳанги мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Инчунин хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 44-и ноҳия дар васфи парчам порчаҳои шеъри қироат намуданд. Лозим ба зикр аст, ғолибони озмуни ҷумҳуриявии таҳти унвони “ Фуруғи субҳи доноӣ…” даври дуюм бо мукофот ва ифтихорномаи раиси ноҳия сарфароз гардонида шуданд. Барномаи муштараки фарҳанги аҳли ҳунари ноҳия муҳтавои чорабинӣ буд.
Posted on by ishkoshim