Санаи 15 уми ноябри соли 2019 дар ноҳияи Ишкошим Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардид. Ҳамзамон худи ҳамин рӯз баргузории ин чорабинӣ аз роҳпаймоӣ оғоз ёфт, ки дар ин роҳпаймоӣ бахусус Раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад , мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ,кормандони дастгоҳи раиси ноҳия,сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим, инчунин кормандони идораву муассисаҳо, собиқадонори ҷангу меҳнат, занону ҷавонон ва хонандагону омӯзгорон ноҳияи Ишкошим ширкат варзиданд.
Бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори хонаи фарҳанги ноҳия маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси тантавӣ раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад мардуми ноҳияи Ишкошимро ба ин санаи нави таърихӣ таҳният намуда, оид ба хидматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон, таҳкими сулҳу суботи комил ва рушди босураъти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар баромад намуданд.
Инчунин хонандагони муассисаи таҳсилотии № 21 –и маркази ноҳия дар васфи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон, Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.
Баъд аз ҷамъбасти маҷлиси тантанавӣ барномаҳои фарҳангии аҳли ҳунари хонаи фарҳанги ноҳия пешкаши ҳозирин гардид.