• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 09.11.2019 by ishkoshim

Сафарҳои Пешвои миллат ҳамеша бо ҳадафи созандагию бунёдкорӣ ва гулгулшукуфии Ватани ҷоноҷонамон равона шуда, сермаҳсулу пур аз дастовардҳоянд. Ин сафарҳо ҷиҳати табодули таҷриба, сармоягузорӣ, рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа саҳмгузор буда, барои боз ҳам дар арсаҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву молиявӣ ба пешрафт мувоҷеҳ шудани кишвар имкони воқеӣ фароҳам меоваранд. Мардуми шарифи Тоҷикистон тайи 27 соли роҳбарии Пешвои миллат шоҳиди он гардидаанд, ки ин сафарҳо робитаю муносибатҳоро ба кишварҳои дуру  наздик таҳким бахшида, Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудаанд, бо шарофати ҳамин сафарҳост, ки сармоягузории бемайлон ба ҳамаи соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ сол ба сол афзуда, иқтидори истеҳсолӣ ва сатҳу сифати зиндаги шарафмандонаи сокинони муазами кишвар дар ҳоли ташаккул қарор дорад.

Сафари навбати Пешвои миллат ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар шароите сурат гирифта истодааст, ки халқи азизамон ҷиҳати тадбиқи ҳадафи чоруми саноатикунони бо суръати кишвар тамоми имконоти хешро сафарбар намуда, онро дар ҳоли амаликунонӣ қарор доранд. Мусалам аст, ки дар ҷаҳони имрӯз саноат асоси истеҳсолоти ҳар кишварро ташкил карда, нишондиҳандаҳои пешрафти саноат дар маҷмуъ нишондиҳандаҳои иқтисоди кишварҳоро ташкил медиҳад, ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф ду омили асоси; яке сармоягузорӣ ва дигаре ворид намудани технологияи навин мебошад, ки тавонад корхонаҳои саноатии кишварро дар баробари корхонаҳои дигари ҳамсон ба рақобатпазирӣ тобовар намоянд. Барои амалӣ кардани ин ҳадафҳо ва муаррифӣ имкониятҳои иқтисодӣ ва захираҳои дастнахурдаи кишвар, махсусан дар зимни сафарҳои кории Пешвои миллат шароити мусоид ба миён меояд. Дар сафари навбатии ба вуқуъ пайваста, ки дар кишварҳои Швейтсария ва Фаронса сурат гирифт дар баробари мулоқот бо  лидерҳои сиёсии ин кишварҳо, инчунин Президенти кишвар бо доираҳои тиҷоративу сармоягузорӣ, мулоқотҳои судманд анҷом доданд ва имкониятҳои кишварро муарифӣ намуданд. Зимни муарифӣ раҳбарияти олии кишвар таваҷҷуҳи бевосита ба самтҳои саноатикунони кишвар сармоягузорӣ ба ин бахш ва ба навъҳои гуногуни сайёҳӣ, имкониятҳои саёҳии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Албатта ҳар сафар бо бастани шартномаҳо дар бахшҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавии ҷомеа сурат мегирад, ки натиҷаҳои онҳо пас аз гузашти вақт барои пешрафти кишвар самараи нек ба бор хоҳанд овард. Сафари навбати Президенти кишвар, ки ба давлатҳои Аврупоӣ нигаронида шудааст, метавонад дар ояндаи наздик барои кишварамон паёмадҳои некеро дошта бошад, зеро кишварҳои Арупои аз лиҳози иқтисодиву сиёсӣ ба гуруҳи давлатҳои пешқадам ва таъсиргузори сайёра ба ҳисоб рафта, дар тасмимгириҳои муҳими ҷаҳони даст доранд.

Аммо ин сафар барои наҳзатиҳои террористи хиёнатпеша, ки ҳамеша аъмолашон зидди пешрафти давлату миллат нигаронида шудааст, ин дафъа низ хиёнатгарона ва нотавонбинона буд. Ин гуруҳи беҳувияти худбохта, ки муддати мадидест дар Аврупо ҳуқуқи башару озодиҳои инсонро шиор табдил додаанд ва аслан моҳияти онро аслан дарк намекунанд, хостаанд дар Фаронса  беобурӯиву пурпӯстии хешро “даъвогар”  ва “озодманиш” нишон диҳанд. Вале воқеият  на ба он тарзе, ки онҳо мехостанд сурат гирифт.  Аҷиб ин аст, ки ин террористони ҷиноятпеша, ки бояд дар назди қонун ҷавоб гӯянд, бо беруии тамом худро дар назди ҷомеаи байналмилалӣ бо бечоранолӣ, мазлум нишон додан гӯё мехостанд, додхоҳии хешро изҳор намоянд, вале чун дар тамоми амалкардҳояшон хусусиятҳои ифротгароиашон бармало ҳаст ва онро наметавонанд идора намоянд, боз ҳам дар Фаронса даст ба ифроткорӣ заданд ва хостанд бо муҳофизони Президент даргир шаванд, вале полиси Фаронса дар ҳол амали онҳоро, ки мухолиф ва муғойири тамоми меъёрҳо буд пешгирӣ намуданд ва онҳоро боздошт карданд. Худи ҳамин амал бозгӯкунандаи он аст, ки нафароне, ки мактабҳои экстремистиву террористиро гузаштаанд, ҳеҷ гоҳ таҳаммулпазир ва солим муносибат карда наметавонанд. Онҳо агарчи дар як ҷомеаи мутамаддин ва мардумсолор ба сар мебаранд, вале афкору ақоид ва амалкардҳояшон ҳамеша аз он андешаи ифротиву инсонбадбиниашон  сурат мегирад. Мутмаинем, дар сурати одитарин фурсат барояшон пайдошудан дубора бо ришу ҷелакҳои террористи барои диндор кардани мардумони Аврупо бо шеваҳои хашини инсонбадбини шуруъ хоҳанд кард.  Зеро андешаи ифротию хашини ин гуруҳро бо ҳеҷ чиз пушонида намешавад. Сад накунӣ, ки террорист террорист боқӣ мемонад.

 

Эҳсони Илҳом

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (795)
  • Эълонҳо (1)
Ноябр 2019
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Окт   Дек »
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930  

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 14
  • 13 586
  • 530 351
  • 99 721
  • 7
  • 822
  • 0
  • 30.04.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet