• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 09.11.2019 by ishkoshim

М. Садриддин матлаби навбатиашро ба масъалаи Радиои Озодӣ бахшида, дар ростои сафари Президенти Тоҷикистон ба Аврупо  лафзпардозӣ ва ҳангомасозӣ кардааст. Ҳар замоне ки барои огоҳӣ ёфтан матолиби расона ва пойгоҳҳои иттилоотию таҳлилиро мурур мекунем, дар баробари дарёфти иттилооти нофеъ, ба сели таҳқиру тавҳиноти пуриддаотарин матлабнависи наҳзатӣ ҷаноби  М. Садриддин мувоҷеҳ мегардем. Ростӣ, ҳазорон маротиба  худро муваззаф  сохтем, ки дигар ба ин навъ матолиб посух надиҳем ва нодида бигирем, намешавад. Агар сукут ва хомӯширо ихтиёр кунем, ин тоифа ҳазорон тамғаи дигар, мисли “фабрикаи ҷавоб”-ро бар гарданат мезананд. Ногуфта намонад, ки ҳар кӣ алайҳи мутолиботи ин тудаи бадхоҳ чизе интиқодӣ бинависад, ҳатман тамғаи “фабрикаи ҷавоб”-ро мезанандаш. Бигзор, ифротиёни  наҳзатӣ танҳо шумо ҳаққи интиқодоту таҳқиротро доред? Дигаронро ҳам бигзоред, то дар нисбати матолиби интиқодиатон чизе нақдгуна интишор бидиҳанд.     Ба ин манзур, ба матлаби ахирии М. Садриддин иҷмолан посух медиҳем, ки чанд соати пеш дар сомонаи “Ислоҳ.нет”мунташир шудааст.

Кафкпаронию иддао ва манманиҳои М. Садриддин ба ин мазмун, ки: “бахши бузурге аз ҷамъияти Тоҷикистони кӯчак” будан ва “дар дохил ҳаводор ва ҳам дар Урупо фаъолияти озодона дорем ва мо оппозитсияи ин режими диктотур ҳастем” дигар ҳадду канор надоранд ва ӯ мисли ҳарвақта аз неруи ба истилоҳ, оппозитсионӣ тавсифу тамҷид мекунад ва ба қавли мардумӣ: “ба осмони ҳафтум мебарорад”. Ӯ дар ҳоле интиқодоти шадидуллаҳни худро дар самти сиёсати диктотурӣ рӯйи сафаҳоти пойгоҳи хабариаш мерезад, ки рӯйи диктотури исломи сиёсӣ тамаркуз ва хомафаросоӣ мекунад. Неру ва ин ташаккулаи сиёсие, ки М. Садриддин дар листи он қарор дорад, дар асл, диктотурист. Ботин ва сиришти афроде, ки бар мабнои исломи сиёсӣ бебаркаш даъвою иддао мефурӯшанд, сад дар сад диктотурист. Ҳарфу алфози қабеҳе, ки аз забони М. Садриддин “метаровад”, магар ба диктотурӣ иртибот надоранд? Тафовут танҳо дар ин аст, ки ин неруи оппозитсонӣ, ки бар асоси исломизм ё исломи сиёсӣ маъракагирии сиёсию идеологӣ ҷур кардааст, дар Аврупо ниёзу даъвиҳои салтанатхоҳию диктотуриашро дар либоси демукросӣ ва либеролизм пинҳон сохтааст ва мунтазири вазъият ва фурсати хуб мебошад. Гумон мекунам, ки як гурӯҳ созмонҳои байналмилалӣ ҳамеша аз ин навъ чолишҳо суд ҷуста ва меҷӯянд. Дар ин миён ПМТ ва созмонҳои ба он марбуту наздик, ки имрӯз сарбаландона худро “оппозитсия ва неруи бузурги миллӣ” унвон дода, аз ҳисоби сармояҳои баъзе доираҳои минтақавӣ ва ғарбӣ дар Аврупо фаъолияти сиёсӣ ва минбардорӣ мекунанд. Муҳимтар аз ҳама, онҳо ҷузъи пружаҳои вежаи сиёсӣ буда, аҳдофу эҳтиёҷоти геополитикии созмонҳои манфиатдори аврупоиро бароварда месозанд. Аз ин лиҳоз, ҳар як гурӯҳи мухолиф бо даъвигариҳои барзиёд ва ба- чолишкашиҳои мудавоми масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ, маданӣ ва амсоли инҳо аз худ дарак медиҳад ва мунтаҳо, нақша-барномаҳои махсуси ҳориҷиро иҷро мекунад. Дар умум, ин навъ даъвию чолишҳо боиси ноҷурию бесуботӣ дар минтақаҳои мавриди назар мегарданд.

Масъала ё ба истилоҳ, қазияи Радиои Озодӣ ин қадар М. Садриддинро нигарон сохтааст, ки онро мушкилӣ худ дониста, бар алайҳи ҳукумат метозад. Албатта, ки М. Садриддинро вазъи озодии мамлакат ҳеҷ нигарон намесозад ва Радиои Озодиро танҳо ба он хотир пуштибонӣ мекунад, ки нисбат ба фаъолиятҳои ПМТ ва тими мухолифин матолиби интиқодӣ интишор намедиҳад. Ва воқеият ҳам ҳамин аст, ки Озодӣ ба ин масоил (интиқоди тими наҳзатӣ) худро даргир  намесозад ва то имрӯз ҳеҷ матолибе интишор надодааст, ки характери интиқодӣ ва таҳлилӣ дошта бошанд. Бинобар ин, масъалаи муҷаввиз надодани чанд корманди радио барои М. Садриддин “доғ” шудааст.

Бигзарем, баъзе масъулин ва матлабнависони бахши тоҷикии дафтари “Озодӣ” ҳам аз ҷурму гуноҳ мубаррою муназзаҳ нестанд ва онҳоро “мусичаи бегуноҳ” ҷилва додани М. Садриддин ҳатман сирре дорад. Дигар ин ки то ҷое бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз маҷрои худ бурун рафта, ба ҷойи фароҳам овардани шароити ҳамзистӣ ва рушду тавсеа додани фазои бози фикрию иттилоотӣ ба парокандани иғвою дасисаҳои навбатӣ иштиғол меварзад. Бар илова, Озодӣ ба пуштибонии М. Садриддин ва афроде мисли ӯ ниёз надорад ва мушкилоти он дар доираи қонунгузорӣ имрӯз не, фардо ҳаллу фасл мегардад. Мусалламан, дар тамоми дунё бархӯрдҳои давлатӣ бо расонаҳо ба назар мерасанд ва талаботи низоми давлатдории дунявӣ ҳамин аст. Аммо аз як масъалаи кучак қазияи бузург сохтан танҳо ба формати фаъолиятҳои гурӯҳҳое иртибот мегирад, ки ҳатман ният ва ҳадафи муғризонаеро дунбол мекунанд.

 

Фаридун Ориёӣ

 

 

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (795)
  • Эълонҳо (1)
Ноябр 2019
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Окт   Дек »
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930  

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 14
  • 13 586
  • 530 351
  • 99 721
  • 7
  • 822
  • 0
  • 30.04.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet