Имрӯз 14 октябри соли 2019 таҳти раёсати раиси ноҳияи Ишкошим муҳтарам, Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад маҷлиси навбатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим баргузор шуд. Дар маҷлис масъалаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ишкошим дар нуҳ моҳи соли 2019 баррасӣ гардид.
Дар кори маҷлис муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муҳтарам Файзов Ёдгор Доёрович иштирок доштанд.
Аз рӯи масъала доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ишкошим дар нуҳ моҳи соли 2019 мудири бахши иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим Нуралӣ Атобеков ҳисобот дода, қайд намуданд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим дар нуҳ моҳи соли 2019 тамоми кӯшишу ғайрати хешро ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои гузошта шуда, сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки доир ба таъмини рушди босуботи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва амалӣ гардонидани дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, ободию созандагӣ, инчунин ҷиҳати дарёфти манбаҳои иловагии даромад ба буҷет дода шудаанд, равона намуда, дар ин давра ба як қатор пешравиҳо ноил гардид. Аз ҷумла нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия аз рӯи ҳаҷми умумӣ бо назардошти маблағҳои мақсадноки аз буҷети ҷумҳуриявӣ воридшуда, дар маҷмӯъ ба андозаи 98,4 фоизи нақшаи пешбинишуда таъмин гардид, ки ин нисбати соли гузошта ба маблағи 2 млн 242 ҳазору 392 сомонӣ ё ин ки 11,1 фоиз зиёд мебошад.
Маблағҳои мақсаднок дар ин давра ба андозаи 97,9 фоиз пардохт гардида, ба буҷети маҳаллӣ маблағи 18 млн 633 ҳазору 660 сомонӣ ворид гардид.
Дар ин давраи ҳисоботӣ иҷрои нақшаи даромадҳои худии буҷети маҳаллӣ 101,0 фоиз иҷро шуда, аз нақшаи пешбинишуда ба даромади буҷети ноҳия аз ин ҳисоб маблағи 34,3 ҳазор сомонӣ зиёдтар ворид гардид.
Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ дар сатҳи 94,4 фоиз иҷро гардида, ба ҳамаи соҳаҳо дар ҳаҷми 21555,3 ҳазор сомонӣ равона гардид.
Дар муқоиса ба се соли пеш мавқеи низоми бонкӣ дар самти пешниҳоди қарз ба бахши хусусӣ ва аҳолӣ, афзоиши шумораи муштариён, ҷалби сармоя ва амонатҳои шаҳрвандон беҳтар гардида, дар нуҳ моҳи соли 2019 аз ҷониби бонкҳо ба соҳибкорон ва аҳолии ноҳия маблағи 3397,9 ҳазор сомонӣ қарз дода шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 78,4 фоиз, ё ин ки маблағи 1493,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Вобаста ба омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, № АП-1059” қарори раиси ноҳияи Ишкошим аз 18 июни соли 2018, № 300 ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳо иборат аз 70 банд оид ба вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншоотҳои соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии ноҳия тасдиқ гардиданд.
Ба ҳолати 1 октябри соли 2019 бахшида ба ҷашнҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 11 адад лоиҳаҳои сохтмонӣ ба маблағи умумии 16187,0 ҳазор сомонӣ амалӣ гардида, ба истифода дода шуданд.
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар ноҳия барзиёд иҷро гардида аз ноҳия 43 нафар ҷавонони синни даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.
Илова бар ин фаъолияти нуҳмоҳаи ҳамаи соҳаҳои иҷтимоии ноҳия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳамчунин доир ба маъсалаи рӯзномаи маҷлиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ҳисоботи сардорони идораву муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот шунида шуд.
Бо натиҷагирӣ аз таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ишкошим дар нуҳ моҳи соли 2019 раиси ноҳияи Ишкошим, муҳтарам Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад таъкид намуданд, ки барои беҳтар намудани нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ҳанӯз ҳамаи имконияту захираҳои мавҷуда самаранок истифода намегарданд, ки ин ҳолат ба сатҳи иҷрои нақшаву ҳадафҳои гузошта шуда, таъсири манфӣ мерасонанд.
Раиси ноҳияи Ишкошим, муҳтарам Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад қайд намуданд, ки нисбат ба нуҳмоҳаи соли 2018 кам шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бахусус соҳаи растанипарвариву чорводорӣ ва сари вақт амалӣ нагардидани Барномаҳои соҳавӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ин самт дар давраи ҳисоботӣ корҳо мувофиқ ба мақсад роҳандозӣ нагардидаанд.
Мавриди муҳокимаи масъалаи болозикр раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муҳтарам Файзов Ёдгор Доёрович суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба масъалаҳои таъмини сулҳу субот, ҳифзи арзишҳову дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, сурат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ, самаранок ва мақсаднок истифода бурдани заминҳои корам, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ ва ҳифз намудани ёдгориҳои таърихию фарҳангии ҳудуди ноҳия ҷалб намуд. Ҳамчунин раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муҳтарам Файзов Ёдгор Доёрович аз нишондодҳои ба дастомадаи соҳаи маорифи ноҳия изҳори қаноатмандӣ намуд.
Дар охир раиси ноҳияи Ишкошим, муҳтарам Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад ба мудирони шуъбаҳову бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим, роҳбарони идораву муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои деҳот барои беҳтаргардонии нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ишкошим дар давраҳои минбаъда, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019 – 2020, таъмини босуръати соҳаҳои иқтисод, энергетика, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш ва сайёҳӣ дастурҳои мушаххас доданд.