Имрӯз 12 сентябри соли 2019 сафари кории раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад ба ҷамоатҳои деҳоти Қозидеҳ ва ба номи Аскар Замиров сурат гирифт. Зимни ин сафари корӣ раиси ноҳияи Ишкошим сокинони ҷамоатҳои деҳоти мазкурро ба муносибати санаи бузургу муқаддас, ки дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навинамон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст, яъне ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди истифода қарор дода шудани агрегати дуюми неругоҳи обии Роғун самимона табрику таҳният гуфт.
Нахуст аз ҳама дар вохӯрӣ бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Қозидеҳ ва ба номи Аскар Замиров раиси ноҳия аз нишондодҳои ба даст омадаи тайи 28 соли соҳибистиқлолии кишвар дар ҳудуди ин ҷамоатҳои деҳот ёдовар шуданд.
Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад – раиси ноҳияи Ишкошим дар Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ бо мақсади беҳтару хубтар ба роҳ мондани корҳои ободониву созандагӣ ва бунёд намудани инфрасохтори зарурӣ дар деҳот ва ба ифтихори сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати сокинонро ҷалб намуда, аз он даъват ба амал овард, ки ҳар як сокини ҷамоати деҳот дар рушду нумуи ҷамоат ва баланд бардоштани сатҳу сифати аҳолӣ бояд саҳмгузор бошад. Бахусус дар ин ҷамоати деҳот таъкид доштанд, ки дар амалӣ намудани нақшаҳои ободониву созандагӣ бояд ҳамдиёрони бурунмарзӣ низ ҷалб карда шаванд. Қайд намуданд, ки аз ҳудуди ҷамоат дар Федератсияи Русия ҷавонони бонангу номуси ин диёр кам нестанд ва фақат онҳоро ҷиҳати анҷом додани корҳои хайру савоб ва эҳсонкорӣ даъват намудан муҳим аст.
Дар Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ раиси ноҳия аз масъалаи начандон дуруст ба роҳ монда шудани фаъолияти соҳибкорӣ ёдовар шуда, дар оянда ҷиҳати вусъат додани соҳаи соҳибкорӣ ба маъсулини ҷамоати деҳот дастуру супориш дод.
Дар вохӯрии раиси ноҳияи Ишкошим бо сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров таваҷҷуҳи асосӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи соҳаи сайёҳӣ дар деҳаи Гармчашма ва дар ин замина ташкили намудани хизматрасонии сатҳи баланд ба сайёҳҳони дохиливу хориҷӣ зоҳир намуда аз сокинони ҷамоат даъват ба амал оварданд, ки аз имконияту шароити мусоид ва табиати биҳиштосои ин макон бояд ҳамеша самаранок истифода бурд.
Дар охири вохӯрии раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад раисони ҷамоати деҳот ва шахсони маъсулро дар сатҳи баланд ташкилу баргузор намудани сафарбаркунии ҷавонони синни даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф намуда аз он талаб намуданд, ки нақшаи даъвати тирамоҳиро босифат ва дар муҳлатҳои муайяншуда таъмин намоянд.