• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 05.09.2019 by ishkoshim

5 уми сентябри соли 2019 дар маркази ноҳияи Ишкошим чорабиниҳои ҷашни 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии идона намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини директори маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшоҳзода Фарҳод Абдураҳмон ва муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Иматшозода Анвар иштирок намуданд.
Дар оғози баргузории чорабинӣ нахуст раиси ноҳия Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маркази ноҳия ҳамчун иншооти ҷашнӣ маркази хизматрасонӣ яъне кошонаи ҳусн, сартарошхонаро бо буридани лентаи рамзӣ мавриди истифода қарор доданд.
Баъди ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ раиси ноҳия бо ҳамроҳии ҳайати расмӣ ба ҷойи баргузории чорабинии сиёсиву фарҳангӣ ташриф оварданд.
Дар макони баргузории чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулотҳои кишоварзӣ ба марази тамошо гузошта шуда, раиси ноҳия ва меҳмонон аз ин намоиш дидан намуданд.
Пас аз ин раиси ноҳия суханронӣ намуда, кулли меҳмонон ва мардуми Ишкошимзаминро ба муносибати ин ҷашни пурифтихору муқаддаси миллати тоҷик табрику таҳният намуда, аз муввафақияту комёбиҳои 28 соли соҳибистиқлолии ватан ва дастоврдҳои ноҳия ёдовар шуданд.
Бахусус қайд намуданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Ишкошим зиёда аз 110 иншооту биноҳои таъиноти гуногун бунёд гардида, алҳол фаъолияти босамар доранд, аз ҷумла бунёди муассисаҳои таҳсилотӣ, муассисаҳои табобативу профилактикӣ, коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ, манзилҳои истиқомативу хатҳои обгузар ва ғайра ба ҳисоб мераванд.
Илова барин бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП -1059 Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 70 адад иншоотҳои гуногун бо харҷи зиёда аз 110 миллион сомонӣ дар нақша буда, то имрӯз баъзе аз ин иншоотҳо ба муносибати ҷашнҳои Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Дар баробари раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад, муовини директори маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшоҳзода Фарҳод Абдураҳмон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Иматшозода Анвар аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сокинони ноҳияро ба муносибати ҷашни истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфтанд.
Дар идомаи чорабинӣ аз тарафи Маҳмадшоҳзода Фарҳод Абдураҳмон Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 29 августи соли 2019 ба истиқболи 28 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ ба Шермамадова Амина Шамсиддиновна – мудири филиали №72 –и бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” дар ноҳияи Ишкошим супорида шуд.
Инчунин аз тарафи раиси ноҳияи Ишкошим дар чорабинии ҷашни 28 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор кормандони идораву муассисаҳо, ки дар фаъолияти меҳнатиашон нишондодҳои назаррас доранд, бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимон, маъюбон ва шахсони яккаву танҳо дар ноҳия ба ҳукми аънана даромада, ҷиҳати дастгирӣ намудани ин табақаи ниёзманди аҳолӣ дар арафаи ҷашни 28 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи зиёда аз 7,6 ҳазор сомонӣ кӯмаки яквақтаи маблағи расонида шуд.
Барномаи фарҳангии театрикунонидашудаи ҳунармандони ноҳия идомабахши ин чорабинӣ буд.
Тибқи нақша – чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Ишкошим тантанаҳои ин неъмати бузург яъне истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия дар санаҳои 6 то 9 уми сентябр идома доранд.

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (795)
  • Эълонҳо (1)
Сентябр 2019
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Авг   Окт »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 74
  • 16 145
  • 530 325
  • 99 707
  • 244
  • 822
  • 0
  • 30.04.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet