Субҳи рӯзи 28 августи соли 2019 раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад бо ҳайати расмӣ ба ҷамоатҳои Зонг ва Вранг сафари корӣ анҷом дод. Дар ин сафари корӣ раиси ноҳия аз вазъи иҷтимоиву иқтисодии ҷамоатҳои деҳоти зикршуда аз наздик шинос шуда, бо сокинони ҷамоатҳои деҳот мулоқот баргузор намуд.
Раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад қайд карданд, ки мақсади ниҳоии ин вохӯрии ман бо аҳли ҷамоатҳои деҳот дар ибтидо огаҳӣ ёфтан аз аҳвол ва ҳаёти воқеии ҳар як Шумо сокинон буда, ҳалли якҷояи мушкилотҳои ҷойдошта инчунин барканор намудани онҳост.
Ҳамзамон, раиси ноҳия мардумро ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, сазовор пешвоз гирифтани арзишмандтарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик, яъне ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят намуд.