Санаи 27.06.2019 рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҷамоатҳои деҳот ва маркази ноҳия баргузор гардид. Дар маркази ноҳия Рӯзи ваҳдати миллӣ аз аксияи бонувон оғоз гардида, инчунин намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои соҳавӣ ба марази тамошо гузошта шуд, ки ҳайати расмӣ, меҳмонон аз он дидан намуданд. Дар қисмати сиёсии чорабинӣ Раиси ноҳия суханронӣ намуда, инчунин муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо дар чорабинии мазкур иштирок намуда, мардуми ноҳияро ба рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуданд.
Дар доираи чорабинӣ як қатор фаъолони идораву муассисаҳо ва ғолибони даври дуюми озмунҳои “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Тоҷикистон ватани мо”, таҳти унвони “Санои Ватан” бо Ифтихорномаҳо ва мукофотҳои маблағӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дастгирии оилаҳои ниёзманд, ятимон, барҷомондагон пайваста таҳти муроқибати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим буда дар ҷашни 22 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз тарафи шахсони саховатпеша, идораву муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим бо маблағи 7799 сомонӣ кӯмакҳои яквақтаи маблағӣ ба онҳо расонида шуд.
Барномаи театрикунонидашудаи ҳунармандони хонаи фарҳанги ноҳия муҳтавои чорабинӣ буда, беҳтарин сурудҳо ва оҳангҳои тараннумгари сулҳ, ваҳдат ва ватандӯстӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.