Дар таърихи 5уми декабри соли 2019 дар ноҳияи Ишкошим бахшида ба 25 солагии таъсисёбии дастаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад иштирок намуда ҳамаи ҳайати дастаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди кормандони дастаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия мустақар бударо таҳният намуда, дар баромадашон қайд намуданид, ки ки пешрафти босуботи давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама ба таъмини амният,волоияти қонун, таҳкими тартиботӣ ҷамъиятӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асос меёбад.
Инчунин сардори ШВКД –и ноҳия подполковник Ҳайдарзода Шералӣ ҳайати дастаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ифтихори 25 солагии таъсисёбии дастаи таъиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон афсарону сарбозони дастаи таъиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ин рӯзи пурифтихори касбиатон табрик гуфта, барояшон сиҳатмандиву саодати рӯзгор ва дар ифои вазифаҳои пурмаъсулатон барори корро намуд.Дар рафти ҷамъомади тантанавӣ яқ қатор афсарон баҳри иҷрои хизматҳои содиқона бо ифтихорномаҳои раиси ноҳия Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад ва сардори ШВКД –и ноҳия подполковник Ҳайдарзода Шералӣ мукофотонида шуданд.